Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маросими пешвозгирии ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Илм- фурӯғи маърифат” баргузор гардид.
Ғолибони озмунро омӯзгорону донишҷӯён бо ҳамроҳии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар бо тантана пешвоз гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки ғолибони озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” дар сатҳи ҷумҳурӣ инҳо аз ҳисоби донишҷӯён Раҳимзода Аскар дар номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” дар байни 42 муассисаҳои олии таълимӣ соҳиби ҷойи аввал, Примзода Меҳваршоҳ дар ҳамин номинатсия соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардиданд, аз миёни омӯзгорон бошад муовини декани факултети корҳои кӯҳӣ омӯзгори ҷавон Бадалов Ҷамолиддин дар номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” соҳиби ҷойи сеюм гардид, ки ин муваффақияти калон дар донишкада мебошад.
Сипас, дар толори Шӯрои олимони донишкада мулоқот бо ғолибон сурат гирифт.
Нахуст дар чорабинӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, ғолибонро табрику таҳният гуфта, таъкид намуд, ки маҳз бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз чунин шароитҳо фароҳам оварда шудааст, ки ин ҳама баҳри пешрафти илму инноватсия равона карда шудааст. Дастгирии олимони ҷавон ва пажӯҳишгарон ин ғамхории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илм ва рушди он мебошад, ки мо ҷавобан бояд пайваста талош намоем, ки дастовардҳои бузургро дар соҳаи илму инноватсия ба даст оварем. Ҳамзамон, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Миршакар Ҷалолзозода суханронӣ намуда, ин муваффақияти навбатии донишкадаро табрику таҳният гуфт.
Сипас, роҳбари гурӯҳи донишҷӯён Давлатов Давлатмаҳмад, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов Абдусафо, муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда, мудири кафедраи металлургия Қодиров Абдурашид ва иштиркдори озмун Примзода Меҳваршоҳ суханронӣ намуда ба раёсати донишкада ва омӯзгорон миннатдории хешро баён доштанд.
Ёдовар мешавем, ки Раҳимзода Аскар ва Примзода Меҳваршоҳ шогирдони омӯзгори ҷавон Раҳимов Ҳаётқул мебошанд, ки мавсуф соли гузашта дар озмуни “Илм- фурӯғи маърифат” соҳиби ҷойи аввал гардида буд ва имсол шогирдонаш соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.
Шуъбаи иттилоот