Дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” омӯзгорону донишҷӯёни донишкада ширкат намуда, ғолиб омаданд. Донишҷӯёни донишкада Раҳимов Аскар ва Примзода Меҳваршоҳ дар номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” ширкат намуда, соҳиби ҷойи якум ва ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Ҳамзамон дар ин номинатсияи омӯзгори донишкада Бадалова Ҷамолиддин соҳиби ҷойи дуюм гардид.
Ёдовар мешавем, ки донишҷӯён Раҳимов Аскар ва Примзода Меҳваршоҳ шогирдони омӯзгори ҷавон ва фаъоли кафедраи металлургия Раҳимов Ҳаётқул мебошанд, ки мавсуф соли гузашта дар ин омуни ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойи аввал гардида буд.