Донишҷӯёни бахши 4 – уми ихтисоси 510202 “Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ” гурӯҳҳои тоҷикӣ ва русӣ таҷрибаомӯзии пеш аз хатмиро дар корхонаҳои Ҷамъияти муштараки дорои масъулияти маҳдуди “Петролеум Суғд” – Тоҷикистону Австрия ва Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушоди “Суғднафтугаз” санаи 22 – феврали соли 2021 оғоз намуданд.
Сараввал донишҷӯён бо директори генералии ҶМДММ “Петролеум Суғд” оиди гузаронидани таҷрибаомӯзии пешазхатмӣ вохӯрӣ гузарониданд. Сарвари корхона оиди фаъолияти истеҳсолӣ ва иқтисодии корхона, истихроҷи нафту газ ва фурӯши маҳсулот маълумоти мухтасар пешниҳод намуда дар охир ба донишҷӯён барои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ муваффақият таманно намуд.
Сипас ба донишҷӯён муҳандиси техникаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат Хайруллоев Илҳом оиди бехатарӣ дар саноати нафту газ дастур дода ба дафтари техникаи бехатарӣ ҳар як донишҷӯ имзо гузоштанд.
Баъди гирифтани дастури техникаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат донишҷӯён аз сардори дастаи ҳарбикунонидашудаи оташнишонии Ҷамъият Атахонов Фатҳулло оид ба пешгири намудани сӯхтор ва сӯхторнишонӣ дастур гирифта, ба дафтари техникаи бехатарӣ имзои худро гузоштанд.
Олимов А.
мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ