ДОНИШҶӮИ ДОНИШКАДА НИШОНИ “ҚАЛЪАИ ХУҶАНД”- РО СОХТ

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дарсҳои амалии хешро бештар дар корхонаҳои саноатӣ мегузаранд. Таҷрибаомӯзии донишҷӯён низ дар корхонаҳои саноатӣ баргузор мегардад. Имрӯзҳо донишҷӯёни ихтисоси “Технология ва таҷҳизоти заргарии” – и донишкада таҷрибаомӯзии худро зери роҳбарии омӯзгор Раҳимов Ҳаётқул дар коргоҳи “Зари Суғд” воқеъ дар шаҳри Бӯстон мегузаранд ва донишҷӯён бо истифода аз донишу малакаи хеш имрӯз нишони “Қалъаи Хуҷанд”-ро омода намудаанд, ки аз донишу малака ва маҳорати баланди онон шаҳодат медиҳад.
Ин аст натиҷаи баргузории дарсҳои амалӣ дар корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ!
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо 75 корхонаи саноатӣ ҳамкорӣ дорад ва 13 кафедраи тахассусӣ дар корхонаҳои саноатӣ филиали худро доранд.
#Донишкадаи_кӯҳию_металлургии_Тоҷикистонро интихоб намоед, то ояндаи дурахшони хешро бисозед!