ДОНИШКАДА ТАҶРИБАИ МУАЙЯНЕ ДАР СОЗМОНИ РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОРОСТ

Донишкада аллакай таҷрибаи муайян дар созмони робитаҳои байналмилалӣ дорад ва онро баҳри баланд бардоштани сифати таълим ва фаъолияти илмӣ-тадқиқотии омузгорон ва олимони донишгоҳ равона менамояд. Табодули донишҷӯён ва омӯзгорон бо донишгоҳҳои ҳамкор дар доираи се самт сурат мегирад:

– табодул бо донишгоҳҳои ҳамкор дар асоси шартномаҳои дутарафа;

– табодул дар доираи лоиҳаҳои байналмилалии грантии барномаҳои Иттиҳоди Аврупо, Эразмус+;

– табодул дар доираи барномаҳои Донишкадаи Конфутсий дар назди донишкада.

Табодули донишҷӯён бо Донишгоҳи давлатии техникии  нафти Уфа-и Федератсияи Россия бо таври анъана ҳар семестр ба роҳ монда шудааст. Семестри дуюми соли таҳсили 2018-2019 дар Донишгоҳи давлатии техникии  нафти Уфа-и Федератсияи Россия 3(се) нафар донишҷӯён:

  • Марупов Табаррукхоҷа Ботурхоҷаевич бахши 3-уми ихтисои 430103-01- «Таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ»;
  • Худойзода Мухаммадиқбол Саидмаҳмад- бахши 3-уми ихтисои 430103-01 «Таъмини корхонаҳои саноати бо барқ;
  • Шарифиён Шохруххон Ализода- бахши 3-уми ихтисои 330101-05 «Ҳифзи муҳандисии муҳити зист»;

 ва дар Донишгоҳи давлатии техникии нафту гази Тюмен 2(ду) нафар донишҷӯёни донишкада таҳсили худро давом дода ба донишкада баргаштанд:

  • Умурзоқов Адхан Мухаммадҷонович – бахши 3-уми ихтисоси 01440101-01«Ҳамлу нақл тавассути автомашинаҳои боркаш»;
  • Абдураҳмонов Наимҷон Зокирҷонович– бахши 3-уми ихтисоси 01440101-01«Ҳамлу нақл тавассути автомашинаҳои боркаш».

        Соли ҷорӣ дар доираи лоиҳаҳои Аврупоии Эразмус+ ва шартномаи   донишада бо Донишгоҳи ғарбии Аттикаи Юнон,  донишҷӯи бахши 1-уми шӯъбаи рӯзонаи ихтисоси 330101-Ҳифзи муҳандисии муҳити зист Умарова Тахмина Бурхоновна, ки аз озмун гузаштааст, барои таҳсил аз санаи 04.03.2019с. то 04.06.2019с. ба донишгоҳи мазкур даъват гардида ва дар муддати зикр шуда, таҳсилро дар донишгоҳи номбурда давом додааст.

Санаҳои 20.05.2019-24.05.2019 ду нафар устодон – муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ – Насриддинов З.З. ва ассистенти кафедраи таъминоти барқ Бобоев Ш., барои таҳсил дар “Ҳафтаи таълимии устодон ва кормандон” ба  Юнон сафар намудаанд.

Инчунин дар доираи Лоиҳаи байналхалқии «Water Harmony Eurasia II», ки дар донишкада амал мекунад ва шартномаи донишкада бо Донишгоҳи табиии Норвегия (ш. Аас) тавассути лоиҳаи номбурда, 2 нафар донишҷӯёни донишкада:

  1. Қаландаров Ҳусейн Комилович. – донишҷўи бахши 2,ихтисоси 360101(Технологияи мошинсозӣ) факултети электромеханика;
  2. Ҷўраев Илҳомҷон Рустамбоевич – донишҷўи бахши 2, ихтисоси 5010202(Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ), факултети корҳои кӯҳӣ,

ки бо муваффақият аз озмун гузаштаанд, аз санаи 16.06.2019с. то 07.07.2019с. барои таҷрибаомӯзӣ ба Донишгоҳи табиии Норвегия (ш. Аас)  даъват гардидаанд.

Донишкада то кадри имкон таҷрибаи таклифи профессорону устодони хориҷӣ, барои гузаронидани курсҳои махсус, хондани лексияҳо барои донишҷўён ва омўзгорон дорад.

Соли хониши сипаришуда дар доираи  лоиҳаи  Аврупоии Эразмус+  дар самти мубодилаи донишҷӯён ва устодон, барои вохӯрӣ бо устодон ва донишҷӯёни донишкада марбут ба таҳсил, тадқиқот ва омода намудани қадамҳои минбаъдаи ҳамкориҳо, профессорони Донишгоҳи ғарбии Аттикаи Юнон, дар шахсияти  Каваадиас Космас, Медри Кармен, Моустрис Константинос ба Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ташриф оварда буданд.

Ташрифи профессор Харша Ратнавира аз Норвегия барои гузаронидани семинари омӯзишии такмили  ихтисос дар мавзӯи “Идоракунии захираҳои обӣ ва технологияи муосири обтозакунӣ” ташриф оварда буд. (25.10-26.10.2018с.)

      Ташрифи ҳайати устодони Донишгоҳи илм ва технологияи шаҳри Кунмини Ҷумҳурии Халқии Хитой бо роҳбарии профессор Жуан Райбо, дотсент Тан Йихонг, профессор Хей Кейанг, дотсент Лан Жуей, профессор Туан Гюкай, ҳамчунин гуруҳи муаллимон аз Донишгоҳи Ланжоу ва Донишгоҳи шимолу ғарбии Чин ба Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон ва ба имзо расонии меморандум бо Донишгоҳи илм ва технологияи шаҳри Кунмини Ҷумҳурии Халқии Хитой аз рӯйдодҳои хушҳолкунанда буд.

Иштироки профессори донишкада Розиқов Зафар Абдуқаҳорович, ҳамоҳангсози Лоиҳа ва муовини аввали ректори донишкада дотсент Қозиев Камолудин Сангинович дар ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратии лоиҳаи “Ҳамоҳангсозии об-2.  Дар Донишгоҳи давлатии технологии Белоруссия хеле муҳим арзёбӣ мешавад.

        Ташрифи Геолог-машваратчии намояндагии МАКРОМАЙН дар Ӯзбекистон барои гузаронидани курси омӯзишии барномаи МАКРОМАЙН ба Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон хеле муҳим буд ва дар ин ташриф табодули малакаи корӣ сурат гирифт.

Сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

Муҳамадиев А.Н.

Мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

Мирсаидова Ф.А.