Донишкада ба конфронс даъват менамояд

 

ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

ДОНИШГОҲИ ИЛМҲОИ ТАБИИИ НОРВЕГИЯ (NMBU)

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХИМИКӢ-ТЕХНОЛОГИИ УКРАИНА

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯъи

“Истифодабарии захираҳои табиӣ, экология ва рушди устувор”

 

Шуморо барои иштирок дар кори конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ, ки санаи 24 сентябри соли 2022 дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 дар мавзӯъи “Истифодабарии захираҳои табиӣ, экология ва рушди устувори” баргузор мегардад, даъват менамоем.

Забони кори конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.

Самтҳои конференсия:

  1. Бехатарии экологӣ ва арзёбии таъсир ба муҳити зист дар соҳаи саноати ҷумҳурӣ;
  2. Омода намудани мутахассисони баландихтисос ва маърифати экологӣ;
  3. Технологияҳои сабз дар саноати кӯҳию металлургӣ;
  4. Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва идоракунии захираҳои обӣ;
  5. Муаммоҳои рушди соҳаи металлургияи ранга ва сиёҳ;
  6. Сифати таҳсилот дар ихтисосҳои самти кӯҳию металлургӣ;
  7. Илм ва истеҳсолоти саноатӣ, тиҷоратикунонии натиҷаҳои корҳои илмию-таҳқиқотӣ;
  8. Самаранокии иҷтимоию иқтисодии фаъолияти корхонаҳои саноатӣ;