Донишкадаи политехникии Порто-и Португалия

Маълумот

оид ба сафари хизматии кормандони Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон декани факултети металлургия, менеҷери лоиҳа – Умарҷонов А.А. ва ассистенти кафедраи таъминоти барқ, ассистенти менеҷери лоиҳа – Бобоев Ш.А. аз санаи 17 то 27-уми феврали соли 2020 ҷиҳати иштирок барои мувофиқаи мундариҷа ва ҳаҷми хизматҳои машваратии лоиҳаи грантии  “Лоиҳаи мукаммалгардонии бакалавриат аз рӯи ихтисоси 42010104-металлургияи металҳои ранга дар асоси стандартҳои Ташаббуси Байналхалқии CDIO” инчунин, шарти иҷроиши лоиҳаи мазкур ва  бастани созишномаи ҳамкорӣ байни Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон ва Донишкадаи политехникии Порто-и Португалия 

(санаҳои 17.02.2020с.-27.02.2020с.)

 

Бо мақсади дар сатҳи баланд амалӣ гардонидани лоиҳа ва ворид намудани раванди омӯзиши тахассуси лоиҳа бо дар назардошти талаботҳои имрӯзаи муосир ҳайати гурӯҳи лоиҳа дар шахсияти декани факултети металлургия, менеҷери лоиҳа – Умарҷонов А.А. ва ассистенти кафедраи таъминоти барқ, ассистенти менеҷери лоиҳа – Бобоев Ш.А., ки бо даъвати Донишкадаи политехникии Порто-и Португалия (мактуби даъватӣ аз санаи 15.01.2020) ва дар мувофиқа бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон (мактуби № 15-302 аз санаи 06.02.2020с.), инчунин тибқи фармоиши ректори донишкада №33К, аз 15 феврали соли 2020, аз санаи 17-уми феврал то 27-уми феврали соли 2020, барои мувофиқаи мундариҷа ва ҳаҷми хизматҳои машваратӣ инчунин, шарти иҷроиши лоиҳаи мазкур ва  бастани созишномаи ҳамкорӣ байни Донишкадаи политехникии Порто-и Португалия иштирок намудаанд.

Сафари хизматӣ санаи 21.02.2020 бо Про-Президенти донишкадаи политехникии Порто, Португалия Профессор Хосе Карлос Куадрадо, Сардор-Координатори донишкадаҳои Порто Профессор Едуардо Пинту Феррейра ва Тарҷумон Елена оғоз гардид. Дар рафти вохӯрӣ ҳамаи самти корбари барои амалигардонидани лоиҳа муҳокимаи зич гузаронида шуд. Бо сабаби пешаки дастрас кардани шартномаҳо таввасути почтаи электронӣ ба намояндаи Донишкадаи политехникии Порто – Хосе Карлос Куадрадо аз тарафи менеҷери лоиҳа Умарҷонов А. боз рӯшантар ва фаҳмотар мақсади амалисозии лоиҳа ва саҳми донишкадаи мазкурро муаррифӣ кард. Дар рафти мулоқот бо намояндагони донишкадаи мазкур қисматҳои нақшаи амалигардонии лоиҳа ва чорабиниҳои дар рафти сафари хизматӣ гузаронида шаванда баррасӣ карда шуд ва инчунин аз тарафи Хосе Карлос пешниҳод карда шуд, ки барои боз ҳам аз тарафи қонуни тафтиш кардани шартномаҳои  лоиҳа, ҳамаи ҳуҷҷатҳо ба ҳуқуқшиносони донишкадаи политехникии Порто супорида мешавад ва баъд аз азназаргузаронӣ ва мувофиқакунӣ раванди ба имзо гузарони ба роҳ монда мешавад.

Аз тарафи менеҷери лоиҳа Умарҷонов А. Барои боз ҳам наздик шинос шудан аз дастовардҳои Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон маҷалла бо забони англисӣ тақдим гардид. Намояндагони донишкадаи Порто аз ин маҷаллаи пешниҳодшуда хушҳол шуданд ва ороишу дастовардҳои донишкадаро, ки дар маҷалла овардашударо бо баҳои аъло баҳогузорӣ кардаанд.

Мувофиқи барномаи тасдиқшуда дар рафти мулоқот рӯзи дуюми вохӯрӣ бо роҳбарии Профессор Едуардо Пинту Феррейра шиносои бо озмоишгоҳҳои донишкада ба роҳ монда шуд.

Дар рафти шиносои бо озмоишгоҳҳои донишкада маълум гардид, ки барои ҳар як ихтисос озмоишгоҳҳои алоҳида омода карда шудааст ва барои донишазхудкунии донишҷӯён шароитҳои фароҳам пешкаш карда шудааст. Ба мисоли, он ки дар ҳама лавҳаҳои озмоишгоҳҳо QR-рамз оварда шудааст, ки донишҷӯ метавонад пеш аз омода шудани кор бо лавҳаҳои зарурӣ аввал тавассути QR-рамз оид ба фаъолияти лавҳа шинос шуда, ҳудуди кори онро бо қоидаҳои пайдарпайии он аз худ менамоянд. Ин раванд ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки бе таҳти роҳбарии омӯзгор, балки бо назорати омӯзгор корҳои тадқиқоти – озмоишии худро оғоз ва коркард кунад.

Шиносоии озмоишгоҳҳои мазкур бо роҳбарии Антонио Квадро Флорес доктори илмҳои техникаи барқӣ ва ҳисоббарорӣ дар самти системаҳои электроэнергетикӣ ва Сильвия Спинола омӯзгор –  масъули озмоишгоҳҳо дорандаи унвони доктори илмҳои Замин оғоз гардид. Дар ҳамаи озмоишгоҳҳо вобаста ба ихтисос лавҳаҳои ҳозиразамони электронӣ насб гардидаанд. Донишҷӯ метавонад дар як ҳафта то чор маротиба дар озмоишгоҳҳо кор ва фаъолият бурда корҳои илмии худро пеш барад. Донишҷӯ метавонад худсарона таҳти назорати омӯзгор бо ҳар як лавҳа шинос шавад ва кори худро давом диҳад. Ҳар як корҳои илмии донишҷӯён дар асоси талаботи корхонаҳои фаъолият бурда истода тартиб дода мешаванд. Ин раванд ба ҳар як донишҷӯ имконият медиҳад, ки кори эҷодии худро минбаъд дар корхонаҳои ҳавасмандшуда дида метавонад, инчунин ин имконият медиҳад, ки дар ҳамон корхонаи ҳавасмандшуда фаъолияти кориашро оғоз намояд. Ҳамаи ин имкониятҳо ба донишҷӯ аввал ҳавасмандӣ ва дуюм эҷодкории нав ба навро оварда метавонад, ки дар натиҷаи тасдиқ шудани сарфанокиашон ва эътимоднокиашон ба истеҳсолот супорида метавонанд. Умуман дар рӯзи дуюм дар озмоишгоҳҳои металография, дастгоҳҳои пневматикӣ, таҷҳизотҳои нақлиётӣ ва ғ. Шиносои пайдо намудем. Ҳамаи лавҳаҳои дар озмоишгоҳҳо буда, барои донишҷӯён дастрас ва ҳамчун ашёҳои истеҳсоли корхонаҳои пешрафтаи Аврупоӣ ташкил ва дар бар мегирад.

Дар рӯзи сеюми вохӯрӣ бо роҳбарии Профессор Едуардо Пинту Феррейра ба озмоишгоҳи робототехникӣ ҳозир шудем, ки дар он ҷо донишҷӯён ҳамаи дастовардҳои худашонро ба лоиҳа гирифта истода барои озмунҳои гуногун омодагӣ мебинанд ва инчунин корҳои рисолаи магистриашонро ҳамчун модел – макет тадқиқот бурда истодаанд. Ҳамаи донишҷӯёни – тадқиқотбаранда мақсад, вазифа ва мавзӯи махсуси худашонро доранд, ки вобаста ба мақсади пешниҳодшудаи ҳар як донишҷӯ аз тарафи донишгоҳ ҳамаи шароитҳо муҳайё омода карда шудааст. Ҳар як донишҷӯ метавонад мувофиқи вақти ҷудошуда иштирок намуда, тадқиқоти худро дар озмоишгоҳи фароҳам овардашуда амалӣ карда метавонанд. Дар расмҳои пешниҳодшуда дастовардҳои донишҷӯён оварда шудааст, ки онҳо дар ҳама соҳаи истеҳсолот истифода бурда шуда метавонанд, инчунин дар асоси дастовардҳои омодашудаашон ҳар яки донишҷӯён мустақилона дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи намоенро ишғол кардаанд. Барои ташкил намудани дастовардҳои донишҷӯён аз тарафи донишкада ҳамаи қисматҳои ихтирооташон таъмин карда мешавад, ки донишҷӯён фикри молиявиро аз байн бурда, танҳо эҷодкории худро ба пеш мегузоранд.

 Дар рӯзи чорум бо намояндагии Профессор Едуардо Пинту Феррейра, Профессори озмоишгоҳи FabLab Мануел Баррос шиносоӣ бо озмоишгоҳи FabLab оғоз намудем. Пеш аз оғози шиносоӣ бо FabLab аз тарафи профессор Мануел Баррос намоиши озмоишгоҳи FabLab бо дастовардҳо, ҳамкориҳо байни корхонаю ширкат ва давлатҳо, мақсад, вазифа ва самтҳои фаъолият инчунин, стартапҳо нишон дода шуд, ки хеле пурмазмуну самаранок оғоз шуд. Дар намоиши мазкур ҳамаи ҳамкориҳо ба мисоли ширкати Nokia, Ikea, Ford, Saab ва ғ. оварда шуд, ки бо ҳамроҳии донишҷӯён ва донишкада барои ба даст овардани маҳсулоти навин корбарӣ мекунанд, ки аз тарафи ширкатҳо ҳам ҳамаи қисмҳо ва лавозимотҳои зарурӣ таъмин карда мешавад.

Баъди тамошои намоиш ба азназаргузаронии синфхона – озмоишгоҳҳои FabLab аз назар гузаронидем. Дар рафти шиносоӣ бо синфхона – озмоишгоҳҳои FabLab маълум гардид, ки донишҷӯён эҷодкории худашонро бо масолеҳҳои чӯбу тахта, пластмасса ва полиэтиленӣ омода менамоянд ва барои тартиб додани эҷодкориашон аввал таввассути синфхонаи компютерӣ барномаи моделиашонро тартиб дода, минбаъда ба 3D принтери зарурӣ чоп мекунанд.

  Дар рӯзи охирон бо роҳбарии бо намояндагии профессор Едуардо Пинту Феррейра бо синфхона ва усули дарсгузарии системаи CDIO шинос гардидем. Тамоми синфхонаҳо бо тарзи замонавӣ омода карда шуда дар он ҷо умуман барои донишҷӯ шароит омода мебошад, инчунин дар он ҷо омӯзгор ҳамчун маслиҳатгар дар ҳама синфхона фаъолият бурда метавонад, на ин ки ҳамчун раванди анъанавии давраҳои шӯравӣ лексия амалӣ ва ё саволу ҷавоб омода карда машғулияти дарсиро давом медиҳад. Балки чӣ хеле ки дар талаботи дарсгузарии системаи CDIO оварда шудааст, барои ҳамаи донишҷӯён аз оғози курси аввали донишҷӯияшон мавзӯъҳои алоҳида супорида мешавад ва устодон барои амалигардонидани ҳар як мавзӯъ аз нуқтаи назари фанҳои худашон донишу малакаи донишҷӯёнро мукаммал мегардонанд. Ин ба донишҷӯ барои дурусттар аз худ кардани ҳар як фан ва ихтисос шароити хуб фароҳам меоварад, ки ӯ худсарона ҳар як фанро пурратар ва мақсадноктар меомӯзад, то ин ки рисолаи хатм ва мақсади ба пеш гузошташудааш амалӣ шавад.

Дар умум донишҷӯёни хатмкунандагони аълохонро бо як либосҳои намунавӣ дидан мумкин аст, ки дар асоси рейтинги хонишашон дар донишкада сазовори либосҳои намунавӣ гардидаанд ва ҳар яки онҳо бо ин фахр карда намунаи ибрат барои донишҷӯёни сустхон ва бахшҳои поёни мебошад.

Бояд зикр намуд, ки ҳангоми вохурӣ бо намояндагони Донишкадаи политехникии Порто-и Португалия ҳамаи корҳои ба нақша гузошташуда бомуваффақият анҷом дода шуда, дурнамоии амалигардонидани лоиҳаи мазкур мувофиқа кунонида шудааст.