Тавре, қаблан иттилоъ дода будем, ҳайати бонуфузе аз донишкада дар шаҳри Тошканд дар Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат намуд ва дар ин Форум мубодилаи афкор ва маросими баимзорасонии шартномаҳои ҳамкорӣ сурат гирифт, ки ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ низ бо ҳамтоёни ӯзбакистонии хеш мулоқот намуда бо якчанд донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Аз ҷумла байни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии технологии Тошканд ба номи Ислом Каримов дар шахсияти ректорон Бахтиёр Маҳмадалӣ ва Турабҷонов Садриддин, байни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишкадаи муҳандисию сохтмонии Намангон дар шахсияти ректорон Бахтиёр Маҳмадалӣ ва Эргашев Шариббой, байни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишкадаи мошинсозии Андиҷон дар шахсияти ректорон Бахтиёр Маҳмадалӣ ва Турдиалиев Умид, байни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияи химиявии шаҳри Тошканд дар шахсияти Бахтиёр Маҳмадалӣ ва Усмонов Ботир ба имзо расонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо зиёда аз 45 муассисаҳои олии таълимии Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва кишварҳои Аврупо созишномаи ҳамкорӣ дорад ва ин барои пешрафти кор ва баланд бардоштани сифати таълим, рушди касбияти донишҷӯён мусоидат менамояд.