Имрӯз, бо ибтикори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии иктишофи геологии Россия ба номи Серго Орҷоникидзе видеконфронс ташкил гардид. Дар вохӯрии вертуалӣ аз ҷониби Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ректор Маҳмадалӣ Бахтиёр, муовини ректор Насриддинов З.З., декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Г.М., сардори шуъбаи робитаҳои байналмиллалӣ Муҳамадиев А.Н., Директори институти Конфутсий дар назди ДКМТ Валиева М.Н. ва мудири кафедраи экология Ҳоҷибоев Д.Д., аз ҷониби Донишгоҳи давлатии иктишофи геологии Россия ба номи Серго Орҷоникидзе бошад ректор Косянов В.А, мушовири ректор Қурбонов Н.Ҳ., муовинони ректор Куликов В.В., Фролова М.С., ва Машкова А.С., иштирок намуданд.
Таъриҳи 22.01.2021 раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба унвонии раёсати Донишгоҳи давлатии иктишофи геологии Россия ба номи Серго Орҷоникидзе мактуб оид ба таъсиси факултети геологии муштарак ирсол намуда буд, ки ҷониби Донишгоҳи давлатии иктишофи геологии Россия ба номи Серго Орҷоникидзе ба он мактуб посухи мусбат дода, иштиёқи муколамаро намуда буданд. Дар вохӯрии имрӯза ҷузъиёти ин тасмимҳо баррасӣ карда шуданд.
Ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки давоми ду ҳафта гурӯҳи корӣ таъсис дода, масъалаи таъсиси намояндагии Донишгоҳи давлатии иктишофи геологии Россия ба номи Серго Орҷоникидзе дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро тавассути Вазорату ниҳодҳои махсуси соҳаи ду давлат баррасӣ намоянд.