Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Беларус баргузор гардид, ки дар он муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ва сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишкада олими ҷавон Акбархон Муҳаммадиев ширкат намуданд.
Дар ҷараёни баргузории Форуми мазкур намояндагони донишкада бо ректори Донишгоҳи давлатии техникии Брест Касперович Сергей Антонович мулоқот намуда, шартномаи ҳамкорӣ байни ду муассисаи олӣ ба имзо расонидаанд.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо 43 донишгоҳу донишкадаҳои олии кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад.
Дар акс: Муҳаммадиев Акбархон бо ректори ДДТБ Касперович Сергей Антонович