Рӯзҳои 28-29- уми ноябри соли 2024, марҳилаи ниҳоии озмуни маҳорати омӯзгорони маҳаллии забони чинӣ бори аввал дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳи хоса баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Маркази ҳамкории забонӣ ва фарҳангии Вазорати маорифи Чин (ё худ Маркази “Юйхэ”) ва бо ҳамкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи педагогии Шинҷон ва Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Дар ин чорабинӣ 270 нафар роҳбарони муассисаҳои таълимии забони хитоӣ, омӯзгорони маҳаллӣ ва донишомӯзони забони хитоӣ аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ширкат намуданд.
Марҳилаи ниҳоии озмун аз се қисм иборат буд:
• Шарҳи раванди дарс (гуфтугӯ дар бораи тарҳи дарс);
• Намоиши методи омӯзиш (маҳоратҳои амалии таълим);
• Ҷавоб ба саволҳо (санҷиши донишҳои касбӣ).
Ин марҳилаҳо барои пурра арзёбӣ намудани маҳорати омӯзгорон, дониши касбӣ ва малакаҳои муоширати байнифарҳангӣ нигаронида шуда буд.
Пас аз рақобатҳои пуршиддат ва арзёбии гурӯҳи коршиносон, омӯзгори маҳаллии забони хитоии донишкадаи мо Марупов Олимҷон дар ниҳоят сазовори ҷойи дуюм гардид. Муаллими донишкадаи мо Чен Сяоҳун бо ҷоизаи “Омӯзгори роҳнамои беҳтарин” қадр карда шуд, ва Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ҷоизаи “Беҳтарин ташкилот” сазовор гардонида шуд.
Иштирокчии донишкадаи мо дар озмуни омӯзгорони маҳаллии байналмилалии забони хитоӣ дар Осиёи Марказӣ дар доираи чорабинии “Қаҳрамонони омӯзиши забони чинӣ” натиҷаҳои назаррас ба даст овард. Ин комёбӣ бо пуррагӣ муваффақияти волои Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургияи Тоҷикистонро, ки ба принсипҳои кории “мутобиқшавӣ ба маҳал, ҳамгироӣ бо маҳал ва хидмат ба маҳал” асос ёфтааст, инъикос менамояд. Ҳамчунин, ин нишондиҳандаи заҳматҳои пайвастаи Донишкадаи Конфутсий дар омода намудани омӯзгорони маҳаллӣ ва баланд бардоштани сифати таълими забони чинӣ ӣ мебошад.
Ёдрас мешавем, ки ин озмун барои омӯзгорони маҳаллии байналмилалии забони чинӣ дар Осиёи Марказӣ як платформаи олӣ барои нишон додани малака, мубодилаи таҷриба ва омӯзиш фароҳам овардааст. Чорабинӣ асоси устуворе барои пешбурди рушди байналмилалӣ ва маҳаллии таҳсили забони чинӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ гузошт. Умедворем, ки дар оянда омӯзгорони маҳаллии бештар ба сафи омӯзгорони байналмилалии забони чинӣ ҳамроҳ мешаванд ва якҷоя барои рушди таҳсили байналмилалии забони чинӣ дар Осиёи Марказӣ саҳм мегузоранд.