Дирӯз дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ҷамъбасти курси тирамоҳии донишомӯзони забони чиноии Донишкадаи Конфутсий баргузор гардид, ки дар он нахуст ректори ДКМТ муҳтарам Фозилзода М.М суханронӣ намуда, аз натиҷаи фаъолияти пурсамари омӯзгорони Донишкадаи Конфутсий изҳори қаноатмандӣ намуда, ба омӯзгорони ин даргоҳи илм изҳори сипос карданд.
Ҳамчунин муҳтарам Фозилзода М.М қайд намуданд, ки дар партави сиёсатҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро зарур аст, ки ҳарчӣ зиёдтар диққати худро ба сатҳи забондонии насли наврас равона намуда, онҳоро бо динишҳои зарурӣ таъмин намоем.
Сипас директори ҷониби чинии Донишкадаи Конфутсий дар назди ДКМТ Жен Гентян суханронӣ намуда, робитаи дӯстии ду миллатро мусбат арзёбӣ карда аз ҳамкорияш бо Донишкада изҳори сипос намуд ва аз фарҳангу ҳунари волои миллати тоҷик ёдовар шуда, ин фарҳанги оламгирро васф намуд.
Ҳамчунин дар чорабинии Донишкадаи Конфутсий меҳмонон ва ҳайати расмии зерин ҳузур доштанд: намояндаи Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд муҳтарам Султонов Латиф, директори Донишкадаи Конфутсий аз ҷониби Чин ҷаноби Жен Гентян, директори Донишкадаи Конфутсий аз ҷониби Тоҷикистон муҳтарам Розиқов Зафар, сармуҳаррири нашрияи вилоятии “Согдийская правда” Зокиров Исҳоқ, хабарнигор Кутузова Наталя, муовини директори ҶДММ “ Ширкати Тоҷикистону чинии саноати кӯҳӣ” У. Чунхуай.
Пас аз суханрониҳои роҳбарони донишкада ба шунавандагон ва ё худ донишомӯзони Донишкадаи Конфутсий дар назди ДКМТ ифтихорнома ва сертификатҳо тақдим карда шуд. Ҳамзамон дар ин росто ба аълохонҳо ифтихорнома ва идрорпулӣ тақдим шуд.
Қайд карда шуд, ки ҶДММ “ Ширкати Тоҷикистону чинии саноати кӯҳӣ” ба 34 нафар донишомӯзон идрорпулӣ ҷудо намудааст, ки аз ин 10 нафаршон донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон мебошанд.
Сипас барномаи фарҳангиву фароғатӣ доир гардид, ки дар он донишҷӯён ва шунавандагони ДК дар назди ДКМТ ҳунарнамоӣ намуда, хотири ҳозиринро шод сохтанд.