Санаи 10 октябри соли равон донишҷӯёни ихтисоси Ҳифзи муҳандисии муҳити зисти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо роҳбарии омӯзгори калони кафедраи Геология ва корҳои нафту газ Отаев А.О. ва ассистенти кафедраи Экология Назарова М.Э. бо фаъолияти корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ «Хорои Хуҷанд» шинос гардиданд. Ин корхонаи азими саноатӣ дар маҳаллаи «Ваҳдат» — и шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, самти фаъолияти он ба истихроҷ ва коркарди сангҳои табиӣ нигаронида шудааст. Барои истихроҷ ва коркарди санги хоро дар коргоҳи мазкур дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб гардидааст ва раванди истеҳсолот тавассути технологияи муосир ва ҳозиразамон идора ва назорат карда мешавад. Бештари дастгоҳу таҷҳизоти корхона, аз ҷумла дастгоҳи суфтакунӣ, бори нахуст ба ҷумҳурӣ ворид карда шудааст. Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 фоизи онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, имконияти фарохи истихроҷ ва коркарди захираҳои табиӣ, аз ҷумла санг мавҷуд аст ва истифодаи самараноку оқилонаи он муҳим мебошад.
Дар экспедитсия муҳандис-экологони ҷавон бо ҷараёни истихроҷ аз наздик шинос гаштанд. Инчунин, мутахассисони корхонаи мазкур ба донишҷӯён оид ба раванди истеҳсолот маълумотҳои муфассал пешниҳод намуданд. Баъдан омӯзгорон ба донишҷӯён оид ба кон ва таъсири он ба муҳити зист маълумот дода таъкид намуданд, ки ҳангоми бурдани корҳои истихроҷӣ бехатарии фаъолият ва ҳифзи муҳити атрофро ҳатман бояд ба назар гирифт.
Гузаронидани чунин гуна чорабиниҳо ва шиносоии бевоситаи донишҷӯён бо раванди истихроҷи конҳо дар дарсҳои амалӣ барои баланд бардоштани сифати таълим бисёр муфид мебошад.
Кафедраи экологияи ДКМТ тасмим гирифтааст, ки барои донишҷӯён мунтазам чунин гуна чорабиниҳоро ташкил намояд.