Маро ҳамчун як омузгор ва шаҳрванди оддӣ воқеаҳои сиёсӣ дар атрофи Тоҷикистон бетараф намегузорад. Вақте нафаре парчами миллати тоҷик ба даст дар назди Бундестаги Олмон ҳақталошӣ мекунад, ангушти ҳайрат мегазам. Чаро ин ҷавонон раҳгум задаанд? Оре, реша дар тарбияи нокомил аст.
Шояд аз сад як ҷавон тавонад роҳи дуруст интихоб кунад ва аз сад панҷ тан дар торики роҳи худро ёбад, аммо наваду панҷи дигар бо сабаби набудани раҳнамо раҳгум мезанад. Аз ин рў «Қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» сари вақтиӣаст. Чуноне, ки зиндаги баҳрест, ки шино кардан дар он душвор аст ин он гуна ки ҳангоми саёҳат дар баҳр раҳнамо даркор аст, ҳамчунин ҳангоми ҷавонӣ бе раҳбар ба мақсад намерасем.
Ҳангоми раҳнамоӣ ба ҷавон нишон додани чи гуна андеша кардану андеша рондан ниҳоят муҳим аст, то ки ў тавонад аз он дунболагирї кунад ва пайрави он бошад. Аммо набояд фаромўш кард, ки рўҳияи озоде, ки дар беадаби ҷилва мекунад, дур аз зебоӣ аст. Хуб аст агар ҷавон пиндори нек, рафтори нек, гуфтори нек дошта бошад, зеро озоди бидуни эҳтиром зебо нест.
Дар тани ҷавон нерўи зиёде зода мешавад, ки дар ҷомаи эҳсос ва шавқу ҳавас ҷилва мекунад. Агар падару модар чи гуна истифода аз онро надонанд, ҷавон метавонад аз он сўистифода кунад. Сўистифода аз нерў ҳадду ҳудуд надорад, он гуна ки имрўз дар ҷаҳон мушоҳида мешавад ва ҳеҷ гуна кўшише наметавонад пеши роҳи онро бигирад (ишора, шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбҳои ифротӣ). Васвасаҳое, ки ҷавонро ба сўи худ мекашад, бешуморанд. Бинобар ин, бахши муҳими омўзиши ҷавон он аст, ки чизҳоеро ба сурати садо бояд фаҳмонд ва ўро аз афзалият ва камбудии манфиатҳои мухталифи зиндагӣ огоҳ кард.
Волотарин ахлоқ, ки ба ҷавон бояд дод, дарки масъулият дар назди дигарон аст, то тавонад дар сохтори зиндагӣ ҷойи сазовор бигирад. Ба ҷавон бояд омўхт, ки бошарафиро накўкории хушк надонад, нерўи бузурги шарафу виҷдонро дарк кунад. Ҷавонро бояд чунон омўхт,ки тавонад худ барои худ идеал созад ва бо он зиндагї кунад. Ба ҷавон додани идеал кори беҳуда аст, зеро идеали кас наметавонад аз дигаре бошад. Рушди маънави танҳо ёфтани идеалу доштани одоб нест, ҳамчунин тавони бурдборӣ дар пешорўи носозгориҳои ҳаррўзаи зиндагӣ низ ҳаст. Ҷавоне, ки шарафу виждон ва дили дардошно дорад, вазифашинос аст ва андешаи ғамхориву дастгирии дигаронро дар сар мепарварад, барои насли имрўз ва ташаккули шахсият воќеан намунаи ибрат аст.
Аз ин рў тарбият кунандагон бояд пеш аз ҳама мутолеа кардаи китобҳои панду ахлоќи бошанд чун, ки ба ҷавон андешаи олї бояд омўхт, то вай тавонад аз идеали олӣ андешад, ба сўи ғояи олӣ равад, дар зиндагӣ бо рўҳбаланди аз онҳо кор гирад. Барои расидан ба маънавият шарт нест ба ҷавон фариштахўи омўхт; ба ў одам буданро бояд омўхт, ин аст нишонаи шахси бомаърифат.
Сайидо мефармояд:
Донае аз гардиши айём то орам ба даст,
Ҳамчун санги осиё, дастор гардад бар сарам.
Шамсия Муҳаммадюсуфова, муовини декани факултети
металургии ДКМТ