ДОМАНИ ОЛУДА БА ИФРОТ ҚОБИЛИ ДАСТГИРӢ НЕСТ

Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки тамоми ҷомеаи  муосирро фаро гирифтааст, ин терроризм, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад.

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Тули даҳсолаҳои охир ин зуҳуротҳо торафт авҷ гирифта, ба муаммои муҳими на танҳо кишвари мо, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст.

      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ мунтазам аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ оид ба норавоии ба дини мубини Ислом нисбат додани зуҳуроти нанговари терроризми байналмилалӣ ва роҳу усулҳои тақвияти мубориза бо ин зуҳурот фикру андеша ва таклифҳои муфиду ҷолиберо баён менамоянд, ки мавриди дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус мусулмонони сайёра қарор мегиранд.

   Бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир ҷумҳурии мо омода аст ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бидихад.

   Бо ин мақсад дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд моҳи майи соли 2018 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” баргузор гардид, ки дар он 400 нафар намоянда аз кишварҳои мухталиф ва 30 намоянда аз созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.

   Ҳадафҳои ин конфронс таҳкими ҳамкориҳои мутақобила оид ба масоили муайан ва пешгирии амалиётҳои террористии фаромарзӣ, тавсеаи заминаи ҳуқуқӣ барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо барои муқовимат бо терроризм миёни кишварҳо, баррасии мушкилоти амалисозии чораҳои мубориза бо терроризм, ҳамкориҳо барои муқовимат алайҳи ҷиноятҳои кибернетикӣ мебошанд.

    Дар ин чорабинӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  доир ба паҳлуҳои муҳими ин масъала, ки имрӯз яке аз масъалаҳои доғи рӯз – муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ мебошад, суханронӣ намуданд.

     Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус, вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем.

Мусаллам аст, ки таъмин намудани сулҳу субот ва амнияти пойдори кишварҳо аз ҷумлаи вазифаҳои калидӣ ва шарти муҳимтарини роҳандозиву пешбурди равандҳои созанда ба хотири рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба ҳисоб меравад.

   Пӯшида нест, ки дар чунин вазъият кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзояндаи амнияту осоиш комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд.

   Аз ин лиҳоз, бо дарназардошти воқеияти мавҷуда, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ гардид.

   Дар иртибот ба ин, таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад.

   Ҳамин аст, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву ифротӣ бо созмонҳои диниву миллатгароии тундрав ва дигар ниҳодҳои ҷиноятӣ ба ҳам омада, дар манотиқи гуногуни ҷаҳон хушунату зӯроварӣ, хунрезиву низоъҳои диниву мазҳабӣ, нажодӣ ва ҳатто бархӯрди тамаддунҳоро барангехтаанд.

   Дар ин замина он ҳам боиси нигаронии амиқ аст, ки террористон ва ифротгароён бо сӯиистифода аз номи поки дини ислом ба паҳншавии афкори исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон мусоидат менамоянд.

   Имрӯзҳо бар асари ноамниҳо дар нуқтаҳои гуногуни олам таҳдидҳои амниятӣ ба минтақаи мо низ рӯ ба афзоиш мебошанд.

  Кишвари мо, бинобар мавқеи ҷуғрофии худ, дар марзи аввали муқовимат бо таҳдиду хатарҳои муосир қарор дорад.

  Ба ҳама маълум аст, ки таъмини сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ бо вазъи амниятӣ дар Афғонистон робитаи ногусастанӣ дорад.

 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ (зиёда аз 1400 километр) дорад, нисбат ба вазъияти кунунӣ дар ин кишвари дӯсту ҳамсоя, аз ҷумла дар минтақаҳои шимоли он бетафовут буда наметавонад.

Далели ин гуфтаҳо он аст, ки агар солҳои қаблӣ дар Афғонистон дар қатори ҷангҷӯёни ҳаракати “Толибон” намояндагони ҳамагӣ 15 кишвар мушоҳида мешуданд, ҳоло дар сафҳои созмони ба ном “Давлати исломӣ” ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ҷангидани шаҳрвандони зиёда аз 100 давлат таъйид шудааст.

 Аз рӯи маълумоти дастрас шумораи ҷангиёни гурӯҳҳои террористие, ки дар Ироқу Сурия ҷойгир буданд, то 100 ҳазор нафар мерасид.

 Мавриди таъкид аст, ки баъди амалиётҳои зиддитеррористӣ дар Сурия ва Ироқ аъзои гурӯҳҳои алоҳидаи экстремистиву террористӣ ба давлати Афғонистон омада, қаламрави онро ба майдони ҳарбу зарби терроризми байналмилалӣ табдил додаанд.

  Вусъатёбии фаъолияти чунин гурӯҳҳои террористиву тундгаро, аз қабили созмони ба ном “Давлати исломӣ”, “Ал-Қоида”, “Толибон” ва монанди инҳо илова ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ин кишвар, аз ҷумла дар минтақаҳои бо Тоҷикистон ҳаммарзи он боиси нигаронии амиқи мо гардидааст.

  Тоҷикистон саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати ҳаллу фасли фарогири қазияи Афғонистон ҷонибдорӣ менамояд.

Итминон аст, ки натиҷаҳои конфронси баргузоргардида, ҷиҳати вусъати тоза бахшидан ба ҳамкориҳо дар самти муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва расидан ба ҷаҳони озод аз ин зуҳуроти хатарноки аср мусоидат хоҳанд кард.

 

Алишер Мирбобоев,

омузгори ДКМТ