ДОМАНИ АРБОБИ МАЪНӢ БИГИР

Домани устоди хубро гирифта аз донишҳои дунявӣ баҳраёб гардид Шоҳини Собир. Акнун барои идомаи таҳсил ба донишгоҳи нафти шаҳри Пекин меравад. Ҳамчун муҳандиси нафту газ ба Ватани худ баргашта, дар фатҳи қуллаҳои Истиқлолияти кишвар саҳм мегузорад. Ба мисли Шоҳин донишҷӯёни фаъол дар Донишкадаи кӯҳӣ металлургии Тоҷикистон кам нестанд. Нерӯи ҷавонии худро баҳри тай намудани пайраҳаи илм сарф мекунанд.
Аммо тӯдаи зархаридони ба сайёҳони хориҷӣ амал карда ҳаргиз дар ёди ободии Ватан набуданд. Домони модари худро қапида дар талу теппаҳои ин кишвар ба камол расиданд, вале дар интихоби пешаи ояндаи худ иштибоҳ карда дину мазҳаби бегонаро пайравӣ намуданд. Аксарият замони истиқлолият ба воя расида, хиёнати Ватанро пеша кардаанд. 
Ҳанӯз соли 1998 Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун дар мақолаи худ “Таҷовузи нохалаф ва худшиносии миллӣ” дар пайи ҳамлаи зархаридона ва ғаддори полковники хиёнаткор Махмуд Худойбердиев парвардаи ҳамин обу замин хоки ватан ба таҳлил гирифта аз ғояти нонкӯрӣ бо таассуф ангуши ҳайрат газида навишта буд:  
“Бале, инак дар Тоҷикистони худ ҷамъияти демократии ҳуқуқбунёд месозем. Ҷамъияте ки ҳоло як узви он дар зиндагӣ, дар интихоби касбу кор ва фаъолият озод буда, аз рӯи ҳаққу ҳуқуқаш метавонад дар мағз-мағзи вуҷуди худ ормонҳои покиза, умед ба фардои  сафед ва ҳисси беғаши ифтихори миллӣ парвариш диҳад. Таърих ва фарҳангашро , ки аз садсолаҳои то ба Милод оғоз гирифтаанд, азиз дошта, аз таҳти дил мехоҳад -имрӯз ҳам кишвараш дар ӣайни оламиён баэътибор бошад. Ва табиист -чунин зуҳуроти самарадор ба ин ё он қувваи ғаразноки чи дохилӣ ва чи хориҷӣ, ҳатто ба давлатҳои сарзаминаш қариб, аммо сиёсаташ ифротии печида ба таассуби миллӣ чандон хуш намеояд.”  (Роҳҳо ва оромонҳо…, Душанбе, “Адиб”, соли 2000, саҳ.5 ) 
Барои ҷавонони имрӯза кӯшише мебояд дар обод кардани дастурхони маънавии зуд. Тавре шоир Фрнии Кашмирӣ мефармояд: 
Кушоиш аз ҷавонону кашиш аз пир меояд,
Ба як дастам камон дар дасти дигар тир мебояд,
Ба мардон тарбият кардан зи ҳар номард кай ояд,
Ки баҳри тифл парвардан ба пистон шир мебояд.
Чӣ донанд аҳли сурат қадри мо арбоби маъниро,
Гули тасвирро ҳам булбули тасвир мебояд. 

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

панҷ × панҷ =