Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ:раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар” баргузор гардид.
Чорабиниро нахуст муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ифтитоҳ намуда, суханро ба ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дод. Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ роҷеъ ба саноатикунонии босуръати кишвар маърӯза намуд. Сипас, доир ба истифодаи дурусти сарватҳои табиӣ маърӯзаи муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин шунида шуд.
Баъдан, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо дар мавриди илм-асоси рушди ҷамъият маърӯза намуд. Ҳамзамон, дар ин конфронс маърӯзаи омӯзгори кафедраи металлургия Раҳимов Ҳаётқул шунида шуд.
Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур дар доираи конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории миллӣ” дар вилояти Суғд гузаронида шуд.
Шуъбаи иттилоот