Санаҳои 11 ва 12 ноябри соли 2022 дар шаҳри Чаншаи Ҷумҳурии Мардумии Чин конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Конференсия таҳти унвони “ҳамкории Саноат-Донишгоҳ-Илм – 2022” баргузор гардид. Конференсия аз тарафи Институти металлургия ва муҳити зисти Донишгоҳи марказии Ҷануби Хитой ташкил карда шудааст.
Дар конференсияи мазкур ҳайати омӯзгориву профессории кафедраи ‘кологияи Донишкадаи кӯҳи металлургии Тоҷикистон дар бахши Металлургия ва муҳити зист баромад намуданд.
Санаи 12 ноябр бахши мазкури конференсия барои олимони дигар кишварҳо тариқи онлайн баргузор гардид, дар он доктори илмҳои техникӣ, профессор Розиқов З.А. ва номзади лимҳои техникӣ Ҳоҷибоев Д.Д. бо забони англисӣ бо маърӯзаи “Рушди саноати кӯҳи металлургӣ ва фаъолияти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон” баромад намуданд. Дар маърӯза оид ба фаъолияти ДКМТ, факултаҳо ва кафедраҳои донишкада, корҳои илмӣ-тадқиқотии иҷрошуда, иштирок дар Лоиҳаҳои байналмилалӣ соҳаи муаммоҳои об, ширкати донишҷӯён дар курсҳои тобистона дар Норвегия ва оид ба потенсиали илмӣ баромад карда шуд. Қайд карда шуд, ки мавзӯъи КИТ кафедраи экология барои солҳои 2021-2025 вобаста ба омӯзиши таъсири фаъолияти саноати кӯҳию металлургӣ ба муҳити атроф мебошад, ва барои ҳамкории илмӣ техникӣ дигар иштирокчиёни конфронс даъват карда шуданд.
Пас аз итмоми маърӯза аз тарафи модератори конференсияи мазкур таъкид карда, шуд ки дар толори ин конфронс намояндагони зиёда аз 40 корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои таълими ва илмии Ҷумҳурии мардумии Чин иштирок варзида истодаанд ва ҳатман барои ҳамкорӣ бо маърӯзачиён аз ДКМТ баъди ин маърӯзаи пурмуҳтаво ва диққатҷалбкунанда ба тамос мебароянд.
Дар конференсия мазкур муассисаҳои таълимии ва илмии аз тамоми кишварҳои ҷаҳон ба мисоли Донишгоҳи марказии Ҷануби ҶМЧ, Донишгоҳи илм ва технологияи Пекин, Донишгоҳи Аалто, Донишгоҳи лим ва технологияи Кунмин, Донишгоҳи Кембридж, Донишгоҳи Технологии Свинбурни Австралия, Донишгоҳи Тохокуии Ҷопон, Донишгоҳи Йонсеи Кореяи Ҷанубӣ, Донишгоҳи илм ва технологияи Ухан, Донишгоҳи давлатии Челябинск, Донишгоҳи Бремени Олмон ва ғ. иштирок варзиданд.