Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз санаи 14.12.2020с. имтиҳоноти сессисяи зимистонаи донишҷӯёни курсҳои 1,2,3 ва 4-ум оғоз гардида, санаи 02.01.2021с. бомуваффақият ҷамъбаст карда шуданд, дар ин бора роҳбари маркази тестӣ ва бақайдгирии донишҷӯён Давлатов Давлатмаҳмад ба шуъбаи иттилоот иттилоъ дод.
Гуфта мешавад, ки донишҷӯёни бомуваффақият имтиҳонсупорида, ки 68 %-ро ташкил медоданд ба таътили миёндавраӣ фиристода шуданд. 32% донишҷӯёне, ки аз як ё зиёда аз ду фан қарзҳои академикӣ доранд шурӯъ аз санаи 04.01.2021с ба машғулиятҳои триместр (такрорӣ) фаро гирифта шуданду ҳисоботи ҷамъбастии имтиҳоноти сессияи зимистонӣ ба Раёсати донишкада пешниҳод карда шудааст.
Дар умум, назар ба соли гузашта савияи дониши донишҷӯёни донишкада дар ҳамаи факултаҳо хеле боло рафта, сафи аълохонҳо дар ин сол 13% афзоиш ёфта, сифати тадрис низ, нисбат ба соли қаблӣ бино ба ҳисоботи ҳамин Марказ 6% беҳбуд ёфтааст.
Роҳбарияти шуъбаи иттилоот ҷиҳати шаффоф гузаронидани имтиҳонҳо ба сардори марказ Давлатов Д. ва кормандони ин ниҳод Иноятова Г., Саидов А., Ашӯров Х. изҳори миннатдорӣ баён менамояд.
М. Сайидзода