Бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон – саноатикунонии босуръати мамлакат Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар ҳамкори бо Муассисаи давлатии Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон тасмим гирифт, то озмуни лоиҳаҳои техникию инноватсионии ба саноат нигаронидашударо миёни донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон баргузор намояд.
Ёдрас мешавем, ки дар рафти озмун мутахассисон ва намояндагон ба донишҷӯён ва олимони ҷавон машварату дарсҳои мададрасон гузарониданд, ки хеле самарабахш арзёбӣ мешавад.
Бояд гуфт, ки ҳадафи асосӣ ин пайдо намудани идеяҳои беҳтарини соҳаи саноат ва дастгирии лоиҳаҳои хусусияти саноатидошта дар кишвар мебошад. Озмуни мазкур санаҳои 15,16,17- уми ноябри соли 2019 дар донишкада баргузор гардид ва 30 нафар иштирок намуда, 15 идея ва ё худ лоиҳаҳои ба саноат наздик пешниҳод гардид.