ДИҚҚАТ! ЭЪЛОНИ ШУЪБАИ КОР БО ҶАВОНОНИ ДОНИШКАДА

Ба таваҷҷуҳи устодону донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон!
Бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонон ва дастгириву таваҷҷуҳи роҳбарияти донишкада санаи дуюми феврали соли равон соати 16:30 бо вақти Душанбе дар толори калони донишкада, тамошои дастаҷамъонаи бозии даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни тими миллии Тоҷикистон – Урдун, ки дар шаҳри Доҳаи давлати Қатар  баргузор мегардад, ба роҳ монда шудааст, ҳамагонро даъват менамоем.
Бо ҳам тими миллии Тоҷикистонро дастгирӣ менамоем!
Ба умеди пирӯзӣ ва роҳ ёфтан ба даври ниманиҳоӣ, зери шиори “Тоҷикистон ба пеш”!