ДИФОЪ НАМУДАНИ МИРЗОНАБИИ ХОЛИҚЗОД АЗ КАБИРИИ ТЕРРОРИСТ АЗ БАРОИ ЧИСТ?

Муҳим нест, ки имрӯз М. Холиқзод корманди радиои террористпарвари Озодӣ бо маблағҳои ба даст овардааш аз террористони наҳзатӣ чӣ кор мекунад, аммо муҳимтар ин аст, ки оё ин маблағҳо барои тарбияи фарзандон сарф мешаванд?

Баҳсе, ки дирӯз Мирзонабӣ бо Додоҷони Атовулло ва Муҳиддин Кабирӣ орост, чӣ мақсаду ният бар нафъи наҳзатиёни террорист дар пушт дошт?

Ҳатто оддитарин инсон метавонад, мушоҳида намояд, ки дар баҳси мазкур гардонандаи барнгома М. Холиқзод авлавиятро бештар ба М. Кабирӣ медиҳад ва намедонам сабаб дар чист, ки барнома ба тариқи онлайн пахш нашуд.  Ва маълум аст, ки ин баҳс солим нест ва бағоят мақсади тафриқаандозӣ дорад. Зеро вақте, ки тарафи дигар хост баҳс озод ва ба таври онлайн пахш шавад, кормандони РО инро ба инобат нагирифтанд ва барои ҳолати мабодо, яъне қайчӣ задан барномаро сабт намуда, пасон пахш гардониданд, ки ин аллакай носолим будани фазоро мефаҳмонад.

Аз ҷониби дигар тарафи дигари баҳс М. Кабирии террорист, нахост, ки ба ҳамаи суолҳои муҳим аз ҷумла ҳамкорияш бо Сипоҳи посдорон посухи амиқ диҳад ва М. Холиқзод ҳам аз он ёдрас нашуд ва ин маънои онро дорад, ки барандаи баҳс аллакай харидашудаасту ба манфитаи як тараф кор мебарад ва ин бисёр ҳам ноадолатона мебошад.

Ин амали М. Холиқзод бори дигар исбот намуд, ки Радиои Озодӣ минбари террористон аст ва ҳамеша ба террористони наҳзатӣ бартарӣ медиҳад. Дигар масъала ин аст, ки чаро радиои Озодӣ дидаву дониста бар террористи наҳзатӣ М. Кабирӣ, ки хуни ҳазорон бегуноҳ дар гарданаш асту ҳазорон ҷинояташ сабт шудааст, минбар медиҳад?

Оё кормандони радиои “Озодӣ” ҳам шарики ин террористон буданд ё ҳастанд?

Суолест, ки посухи амиқ мехоҳад ва ин маънои онро дорад, ки ТТЭ ҲНИ низ аллакай ба сафи расонаҳояш радиои Озодиро даровардаасту ба кормандонаш маблағ медиҳад ва аз ҳамин ҳисоб бештар кормандони расонаи аврупоӣ ва дар асл як маркази тарғибгари ақидаву ғояи душманӣ “Озодӣ” дар хидмати наҳзатиён мебошанд. Чӣ кунем, ки ҳоло дигар ин амали кормандони РО амали устухон аз устухон талбиданро мемонад.

Дилмуроди Вафо

таҳлилгар, ДКМТ