Дифои рисолаи номзадӣ муборак!

Ҳайати омӯзгорону донишҷўён ва кормандони Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон омўзгори калони кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, мутахассиси пешбари раёсати таълим Маҳмудов Ҳасанбой Аҳмадҷоновичро ба муносибати ҳимояи рисолаи илмӣ дар самти илмҳои техникӣ таҳти унвони “Технологические основы переработки упорных золотосодержащих руд месторождения “Иккижелон” дар назди Шўрои диссертатсионии 73.1.002.02, Муассисаи давлатии илмии Институти химияи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоянд. Маҳмудов Ҳ.А. нахустин муҳандис-муҳаққиқ дар самти тоза кардани канданиҳои фоиданок дар донишкада мебошад, ки рисолаи илмии худро дифоъ намуд, менависад сардори раёсати таълим Осими Оқил.