Имрӯз яке аз омӯзгорони фаъол ва ҷавони ватандӯсти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Асомиддин Саидов рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Методикаи ташаккулдиҳии саводнокии донишҷӯёни самти муҳандисӣ дар раванди таълими математика ва информатика тавассути фаъолияти инноватсионӣ” дар Шӯрои диссертатсионии 6D-КОА-048 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои дарёфти номзади илмҳои педагогӣ бо мувафақият дифоъ намуданд.
Ҳайати профессорию омӯзгории донишкада олимони ҷавон Асомиддин Саидовро самимона табрику таҳният гуфта, барояшон дар ҷодаи минбаъдаи ҳаёт барору комёбиҳои навро таманно менамояд.
Бигзор ба қуллаҳои баланди илм бирасед ҳамкори арҷманд Асомиддин Саидов!
Бори дигар ин муваффақияти илмиро бароятон табрик менамоем!