ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ НИЁЗ БА ҲИЗБ НАДОРАД

Аз он ки аксари мардуми Тоҷикистон мусулмон буда, ба дини мубини ислом арҷ мегузоранд, тӯдае аз таблиғгарони давлати исломӣ аз хориҷи кишвар истода бозиҳои сиёсиро дар мамлакат матраҳ намуданд. Масалан, ба номи муқадаси дини мубини ислом номгузорӣ кардани ҳизб ин риоя накардани оятҳои Қуръон мебошад. Тафриқаангезӣ дар оятҳои Қуръону ҳадисҳои набавӣ маҳкум карда шудааст ва дини ислом ба дастгирии ягон ҳизб муҳтоҷ нест. Зери зери ниқоби дини мубини ислом танҳо шахсони худобехабар амалҳои нангинро иҷро менамоянд. Бо амалҳои нангини худ онҳо обрӯи мусалмонини дунёро мерезонанд. Қатлу куштори шахсони бегуноҳ, азобу шиканҷаҳои шахсони бегуноҳ инҳо гуноҳи кабир буда, аз нуқтаи назари шариати ислом маҳкум карда шудааст. Мувофиқи гуфти пайғамбари ислом Муҳаммад (с.с) мусулмони ҳақиқӣ, шахсест, ки дигарон аз забон ва дасти ӯ озор намебинанд.

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз гуфтаҳои собиқ намояндагони он Иззатулло Саъдулло ва Сияҳаков С.Ш бар меояд, ки мақсадаш на ҳифзи ҳуқуқи мусалмонон, балки резонидани обрӯи онҳо мебошад. Ҳар як ҳизб новобаста ба сохтору ақоиди сиёсиаш дар назди худ як вазифа мегузорад, ки он соҳиби мансаб шудан мебошад. Баъди ба сари ҳокимият омадан аъзоёни ҳар як ҳизб кӯшиш мекунанд сохтори давлатиро мувофиқи низоми худашон ба роҳ монанд. ҲНИТ низ баъди ташкилёбиаш танҳо як мақсад дошт, ғасби ҳукумат, сарнагум сохтани сохти давлатдорӣ, барпо кардани давлати исломӣ. Барои ноил гаштан ба ин мақсади ғаразнопокашон онҳо аз номи дини ислом баромад намуда, давлату тинҷу оромро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ ғӯтониданд. Дар натиҷаи ин ҷанги бемаънии бародаркуш зиёда аз 150000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд.

Мардуми зиёди қисмати ҷануби Тоҷикистон ба Афғонистони ҷангзада аз тарси ҷон ва номуси зану фарзандҳояшон фирор карданд.

Хушбахтона бо ташабуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурезаҳо ба ватан бар гардонида шуда, дар Тоҷикистон сулҳу субот ва оромӣ танинандоз гашт. Вале хоинони миллатӣ тоҷик бо роҳбарии ҲНИТ, боз кушиши табаддулоти давлатиро карданд, вале халқи шарафманди тоҷик  онҳоро дастгирӣ нанамуд ва сохторҳои қудратӣ саркардагон ва иштирокчиёни ин табадуллотро несту нобуд  карданд ва хушбахтона ҳоло дар Тоҷикистон тинҷию оромӣ ҳукмфармо мебошад.

Ҳамагуна найрангҳои ТТЭ ҲНИ ва паймонсозиҳои наҳзатиёнро маҳкум менамоем.

 

Содиқи Ғаффор, омузгори ДКМТ