Душман дар чӣ шаклу намуде, ки набошад вай душман аст ва ҳамеша дар дил нияти бад мепаварад, ки инро дар симои душманон ҳам мушоҳида намудан мумкин аст. Душман метавонад ба хонавода бошад, бар миллат бошад, бар ҷомеа бошад, ки ҳоло мо дар мавриди душмани миллат сухан хоҳем гуфт. Миллати тоҷик ҳамчун миллати тамаддунофар ва соҳибфарҳангу маданӣ дар ҷаҳон маъруф аст ва ин маъруфият имрӯзҳо чашми бадкешону бадбинонро ало кардааст. Ва ҳамин аст, ки имрӯзҳо баъзе давлатҳо бар пешрафту тараққиёт ва маъруфияти кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ҳасад бурда душманӣ меварзанду барои ин ҳатто созмонҳои террористиро ҳам таъсис додаанд, то бар алайҳи миллат мубориза барад. Яке аз чунин созмонҳои террористии аз ҷониби хориҷиён сармоягузоришаванда ин ТТЭ ҲНИ мебошад, ки комилан бар алайҳи миллат фаъолият мебарад ва ин албатта як хиёнати зишт аст.
Тавре, ки хуб огоҳӣ дорем, наҳзатиёни палид ва авбошу манфур ба хотири гумроҳ сохтани ҷомеа ва фиреб додани миллати тоҷик имрӯзҳо дар хориҷ аз кишвар дар давлатҳои аврупоӣ паноҳ бурда, нақшаҳои хиёнат бар миллату давлати тоҷиконро дар сар мепарваранд, ки бисёр ҳам амали нодуруст ва номардона мебошад. Зеро мо хуб медонем, ки наҳзатиёнро имрӯзҳо кишвари исломии ба мо маълум сармоягузорӣ мекунаду онҳо имрӯзҳо бар ивази пул муздурӣ мекунанду бар миллат душманӣ варзид, ки амалест басо нангин ва нобахшиданӣ.
Аз рӯзҳои нахустини таъсис ва фаъолияти ТТЭ ҲНИ маълум буд, ки аъзоён ва раисонаш дар дил нияти нек надоранд ва мақсаду маромашон ҳам нопок аст. Чунки аз рӯзҳои нахустини таъсисёбияш ТТЭ ҲНИ бо созмонҳои террористӣ-экстремистӣ ҳамкорӣ намуда, дар асоси барномаи ташкилотҳои террористӣ фаъолияташро пеш бурдааст, ки дертар аёнтар шуд. Тавре, ки хуб медонем мақсаду мароми наҳзатиён аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ душманона буда, фақат дар чашми миллат хок мепошидаанд, то мақсаду мароми хоҷаҳои хориҷияшонро бароварда созанд. Ба ҳамин хотир наҳзатиён нахуст майдоннишӣ намуда, сипас ба куштору қатл ва рафтори зишти ғайриинсонӣ пардохтанд, ки дар таърихи кишвар ҳамчун саҳифаи хунин ёд мешавад. Албатта, он рафтори зишт ва нодурусти наҳзатиёнро ҷуз душман ва нохалаф дигар касе намекунад ва ҳамин аст, наҳзатиён ҳамчун душмани миллати тоҷик кунун фаъолияти душманона мебаранду бар ивазаш аз хоҷагони хориҷияшон маблағ гирифт.
Меҳвар Абдусаломов
омӯзгори ДКМТ