Бар асоси навиштаи расонаҳо Ҳизбулло Шоҳвализода, ки акнун барои қонунвайронкунӣ аз кишвари Австрия берун карда мешавад, сару садоҳои зиёдеро ба бор овард ва аз ин наҳзатиёни палид ҳа истифода намуда, кӯшиш мекунанд, ки ба ҳамин баҳона обрғйи Ҳукумат ва миллати тоҷикро паст намоянд.
Ҳоло қазия ин аст, ки Ҳизбулло Шовализода бар асоси вайрон кардани қонунҳои кишвари Австрия аз ҷумла ғайриқонуни убури сарҳад аз ин кишвар хориҷ карда мешавад. Вале аз чӣ бошад, ки дар ин масъала ҳам, ки он ҷо нақше аз Тоҷикистон нест, наҳзатиёни палид ва авбошҳои кӯрботин ҳукуматро гунаҳкор намуда, боз ҳам ҳамон ҳиллаи шайтононаи худро ба кор бурдаанд.
Онҳо аз ҷумла гуфтаанд, ки “мо имрӯз гирдиҳам омадем, то ба самъи мақомоти мӯҳтарами Утриш бирасонем, ки Ҳизбулло Шоҳвализодаро ба Тоҷикистон истирдод накунад.”
Дар ҳоле, ки вай шаҳрванди Тоҷикистон аст ва бояд ба Ватан фиристода шавад, наҳзатиёни малъун ин хоҳишро кардаанд, ки ин як сафсатаи ин разилону бадкешони наҳзатист. Зеро ба дили ин наҳзатиён аст, ки ин ҷавони гумроҳ ба Ватан барнагардаду ғуломи онҳо шавад ва ҳамеша дар хизмати хоҷаи ин террористон бошад.
Ҳарчанд аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар баёнияи худ суханони бардурӯғ ва саропо туҳматро ҷой додаанд, лек боз ҳам ёдрас мешавем, ки ҳеҷ як гурӯҳе ва ҳеҷ як созмони бо таҳқири давлат ва миллати худ умри дароз намебинад ва ин наҳзатиёни манфур ҳам рӯзи ҷанозани худро хоҳанд хонд бо ин беэҳтироми нисбати миллати тоҷик.
Наҳзатиёни манфур ва палиду разил бардурӯғ дар баёнияи худ навиштаанд, ки дар кишвар ҳуқуқи инсон поймол мешавад, ва ба номуси инсон таваҷҷуҳ намешавад, ки ин як тӯҳмат ва боз ҳам хиёнати наҳзатиён аст. Ин баёнияи наҳзатиёни манфур як дурӯғи маҳз аст ва саропо муболиғаву тӯҳмат аст.
Дар кишвар имрӯз ба ҳуқуқи инсон арҷ гузошта мешавад ва чандин созмонҳои байналмилалӣ имрӯз дар ҷумҳурӣ фаъолият доранд ва хуб медонанд, ки вазъият чӣ хел аст. Пас чаро ин наҳзатиёни палид аз депортатсияи як ҷавони гумроҳ истифода намуда, обрӯву мақоми кишварро дар хориҷ пас мезананд???
Оё ҳамин амал худаш хиёнат ба миллат нест?
Оё ҳамин рафтори наҳзатиёни манфур худ, гувоҳ аз иблисиву шайтонии ин тоифаи бадкеш ва разили ба ном фаъолони сиёсӣ нест???
Мардуми кишвар ва махсусан ҷавонон бояд фирефтаи суханони ин тоифаи бадкеши наҳзатӣ нашаванд ва худро аз ин тоифа дур нигоҳ доранд. Зеро ҳамин ҷамъомади дирӯзаи ин палидони манфур худ гувоҳ аст, ки ин бадкешони манфури наҳзатӣ бадномкунандаи ин миллату давлат ҳастанд. Ҳамин ҳолат худ гувоҳ аст, ки ин наҳзатиёни манфур душманони миллати тоҷик ҳастанд.
Д. Давлатов
омӯзгори ДКМТ