Терроризм ва экстремизм имрӯзҳо ба як хатари бузург табдил ёфтааст ва ин зуҳуроти номатлуб имрӯз таҳдид бар ҷони башарият мекунад, ки аз чанд ҷиҳат хеле нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Созмонҳои террористӣ бештар сиёси кардани исломро шиори худ қарор дода талош менамоянд, бо тариқи омӯҳонидани ҷиҳод фаъолияти худро ба роҳ андозанд ва ҳокимиятро зӯран ғасб намоянд, ки ин амалро мо дар чандин амалҳо ва ё худ фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ*экстремистӣ мушоҳида менамоем.
Ҳамчунин созмони террористии “Ихвон-ул-муслимин”, ки модари чандин гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад аз ҳамин равия кор гирифта, ба ҷони чандин президенти Миср сӯиқасд анҷом дод.
Ҳамчунин ТТЭ ҲНИ, ки бештар таълимоташро аз ҳамин созмони террористӣ мегирад ва робитааш ҳам бо ин созмони террористӣ эътироф шудааст ва дар адабиётҳои илмӣ дар ин бора маълумоти фаровоне вуҷуд дорад, талош намуд, ки соли 2015 бо гузаронидани табаддулоти давлатӣ дар кишвар зӯран ҳокимиятро соҳиб шавад, ки хушбахтона ноком шуд.
Албатта, созмонҳои террористӣ бештар аъзоёни худро нахуст қонуниятҳорои ҷиҳодро меомӯзонанд ва сипас аз таълимотҳои дигари мазҳабӣ кор мегиранд, ки дар аксар ҳолат ин террористони тайёршуда ҳама арзишҳоро зери по намуда, талош мекунанд, ки бештар ба ҷони инсоният хатар эҷод кунанд ва дар ниҳоди инсоният даҳшатро бунёд гузоранд. Онҳо бештар талош менамоянд, ки бо содир намудани амалҳои террористӣ андешаҳои ифротии худро вориди мафкураи инсонҳо созанд ва аз ин ҳисоб сафи тарафдоронашонро афзун созанд.
Айнан аз ҳамин шеваи кор наҳзатиёни палид ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ истифода намуда, солҳои 90-уми асри гузашта, мардумро гумроҳ сохта дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро ташкил карданд ва дар ин кор албатта ба наҳзатиёни малъун дигар созмонҳои террористӣ низ кӯмак намуданд ва дар ин бора маълумоте фаровоне дар даст ҳаст.
Шакли дигари коргирии наҳзатиёни палид барои ҷалби аъзо ин нодуруст шарҳу тавзеҳ додани ояҳои Қуръон ва шарҳу тафсири он мебошад, ки аксаран дар фаҳми ин масъала бештар мутахассисон хулосаи илмӣ додаанд ва ифшо сохтаанд, ки воқеан ҳам наҳзатиёни палид мардумро барои бештар гумроҳ сохтан аз тарҷума тафсири нодурусти фармудаҳои ислом ва шариат истифода намудаанд.
Масалан наҳзатиёни малъун зӯран ғасб намудани ҳокимиятро ташвиқ мекунанд, ки ин дар ягон мазҳаб фармуда нашудааст ва мазҳаби “Ҳанафия” инро комилан маҳкум мекунад ва инчунин қатли инсони бегуноҳро ки ин дар Ислом ҳаром дониста шудааст, наҳзатиён аз шеваи кори худ меҳисобанд ва ба ҳамин шакл мардумро гумроҳ сохта ба сафи созмонҳои террористӣ ворид месозанд ва аз ин ҳисоб роҳбарони ТТЭ ҲНИ маблағ низ кор мекунанд.
Пас аз чанд соли арзи ҳастӣ намудани ТТЭ ҲНИ асрори дигаре аз фаъолияти ин ҳизби террористӣ ошкор гардид, ки он ҳам бошад робитаии роҳбарони ин ташкилоти террористӣ бо хадамоти махсуси ҶИЭ мебошад, ки онро Ҳукумати Амрико расман созмони террористӣ эътироф кардааст ва ҳамин Сипоҳи посдорони ҶИЭ чандин солҳо сармоягузорӣ ТТЭ ҲНИ будааст ва маҳз бо фармони ҳамин ташкилоти террористии хориҷӣ наҳзатиёни палид чандин амалҳои террористиро дар кишвар содир кардаанд ва саҳо адибону равшанфикронро ба қатл расонидаанд, ки ин хиёнати бузурги наҳзатиёни палид бар миллати тоҷик мебошад.
Аз ин рӯ, ҷавононро лозим меояд, ки дар шинохти ин чеҳраҳои манфур ва ин хоинони дину мазҳаб ва пеш аз ҳама душманони миллат бо маълумоти зарурӣ фаро гирифта шаванд ва бар ин малъунон, ки душмани озодиву ҳаёти осоишта ҳастанд мубориза баранд.
Меҳвар Абдусаломов
Омӯзгори ДКМТ