Даст зи тоот шуста зоҳиду мегуфт,
“Беҳунарӣ беҳ бувад аз ин ҳунари ман”
Дар ҳошияи ҳамин як байти Сайидо як олам маънӣ нуҳуфтааст.
Дар замоне ки мо талоши таҳкими истиқлолият дорем, барои кишвари соҳибистиқлоли мосулҳу ваҳдат чун неъмати бебаҳодар ҳама давру замон муҳим ва зарур аст. Ин ҳама ободониву рушду пешрафти соҳаҳои гуногуни кишвар имрӯз ҳар як шаҳрвандро водор менамояд, ки барои ин ҳама талошу ҷадал намояд. Аммо имрӯз бархебар он ҳамасулҳу ваҳдати могуиё ҳасад мебаранд, ки ба ҳар гуна иғвогарӣ даст мезананд.
Мусаллам аст, ки мардуми тоҷик ҳамеша барои рушду пешрафт ва ободонии кишварталош намуда, аз ягонмуаммо ва мушкилоти мавҷуда наҳаросида,пайи расидан ба сарманзили мақсуд ҳама ҷониба ҷадал намудаанд. Давлату ҳукумати кишвар ҳамеша барои дифоъ ва пуштибонии манофеи кишвар ва шаҳрвандонаш талош доранд. Ин нуктаро мо шаҳрвандони кишвар набояд фаромӯш созем ва фирефтаи ҳаргуна овозаву дасисаҳо шавем.
Айни замон, дар ин даврони ҷаҳонишавӣ ки дунё дар ҳоли тағйиру дигаргуниҳост,ҳар нафар бояд дарк намояд, ки кишвари тозаистиқлоли мобо он ҳама талошҳои муассири худ дар ояндаи наздик ба як давлати ободу рушдкарда табдил хоҳад ёфт. Ин ҳама боз ҳам аз ҳар яки мо масъулияти ҷиддиро талаб менамояд, ки бароидифоъ аз манофеи миллату меҳани маҳбуби хешталош намоему фирефтаи ҳаргуна иғвогариҳо нагардем.
Сипосгузорем, ки бо қадами неки Асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо коргоҳҳову муассисаҳо мухталиф ба кор медароянду баҳри ободонии Ватан хидмат мекунанд. Ҷои шукру масаррат аст, ки кишвари мо ҳамқадами давлатҳои пешқадами олам мегардад.
Фурсати он фаро расидааст, ки пайравони наҳзат аз амали зишти худ даст кашанд, ки ин ҳунар нест ҷилои Ватан карда , дар ғурбат санги маломат ҳаво додан….
Самадова Гули , декани факултети корҳои куҳии Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон