ДАСТУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ҲОЛАТИ АВВАЛА БАРГАРДОНИДАНИ НАРХИ ИНТЕРНЕТ ХОИНОНИ ВАТАНРО НАЗДИ ХОҶАГОНАШ БОЗ ШАРМСОРУ ЯКСОН СОХТ…

Тайи ду ҳафтаи охир дар мамлакатамон оиди баланд шудани нархи интернет ҳар гуна фикру ақидаҳои бисёре шуданд, ки ин боиси нигарониии мардуми тоҷик гашта буд.

         Кишвардори Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эътирози мардуми Тоҷикистон ба қарори Хадамоти зиддиинҳисории кишвар дар бораи боло бурдани арзиши истифодаи интернет ва тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ вокуниш нишон доданд. Бо иқдоми наҷиби Президент дастур дода шуд, ки  қарори болоравии нархи интернет бекор карда шавад ва арзиши истифодаи интернет ба ҳолати пештара баргардонида шавад…

Шоми 23 апрел дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар дод, ки “имрӯз бо дастури  Эмомалӣ Раҳмон нархи истифодаи интернет ва арзиши тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ ба ҳолати аввала баргардонида шуд”.

Афзун бар ин, бо супориши Эмомалӣ Раҳмон нисбати шахсони масъуле, ки ба ин кор роҳ доданд, чораҷӯӣ карда хоҳад шуд.

Дар ҳоле, ки арзиши 1 мегабайт интернет бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз 6,2 дирам, 1 гигабайт – 62 сомонӣ ва 10 гигабайт 620 сомонӣ муайян гардида буд. Ширкати Мегафон низ дар паём ба муштариёнаш арзиши 1 гигабайтро 62 сомонӣ эълон кард. Мегафон Тоҷикистон дар сомонааш таъкид кард, ки бо дастури Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархҳо боло бардошта мешаванд.

Аммо эътирози сокинони Тоҷикистон ва вокуниши раисҷумҳури кишвар боиси ба ҳолати аввала баргардонидани нархи истифодаи интернет ва арзиши тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ шуд.

Бинобар ин бояд қайд намуд, ки дар ҳама ҳолат суботу оромӣ ва тинҷиву осоиштагӣ бояд дар кишвар ҳукмфармо бошад. Мутаасифона шахсоне ёфт мешаванд, ки аз ҳама гуна норасоиҳои ночиз истифода бурда мехоҳанд дар кишвари азизамон тафриқа байни гурӯҳҳо ба вуҷуд оваранд.
         Ин ҳангомаҳо ва овозаҳои бесадо боз аз ҷониби ТЭТ ҲНИ аст. Онҳо ҳеҷ вақт мардумро ба сӯи худ кашида наметавонанд ва шаҳрвандон низ дар ҳар марҳала нахоҳанд пазирид. Пас, мо Сарвари оқилу доно ва дурбин дорем, ки ба нафъи ҷамъият ва давлату миллат хизмат хоҳанд намуд.

 

Кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи ДДХ