Хабари хуш бо қарори Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 23 апрели соли 2019 ба нархномаҳои тарофаҳои аввала баргардондани хизматрасониҳои алоқаҳои мобилии интернетӣ аз ҷониби устодону донишҷӯён ва умуман тамоми мардуми Тоҷикистон ба хушнудӣ пазируфта шуд.
Чӣ хеле ки ба ҳамагон маълум аст, аз санаи 18 апрели соли ҷорӣ нархномаҳои хизматрасониҳои алоқаҳои мобилии интернетӣ бо қарори шӯъбаи хизмати зиддиинҳисорӣ қариб ду маротиба афзун карда шуд, ки ин боиси норозигиҳои аксарияти мардум гардид. Тибқи тарофаи нав ба ҷои 30-35 сомонӣ минбаъд бояд истифодабарандагони сершумори интернет бояд 63 сомонӣ маблағ пардохт менамуданд, ки ин хеле гарон буд.
Дар муддати 5-6 рӯзи амали ин қарордоди беақлона ҳазорон сокинони кишвар зарарҳои иқтисодӣ диданд, ҳазорон муштариён бе алоқаи мобилӣ монданд, даҳҳо оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҳоли якдигар бехабар монданд.
Хушбахтона, бо қарори саривақтии Сарвари мардумпарвару саховатпешаи кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 23 апрели соли 2019 ин қарордоди нодурусти шӯъбаи зиддиинҳисории Тоҷикистон, ки боиси озурдахотирии мардуми кишвар гардид, бекор карда шуд. Илова бар ин, бо супориши Президенти кишвар гунаҳкорони ин ҳолат мувофиқи кирдорашон ҷавоб хоҳанд дод.
Боварии комил дорем, ки содиркунандагони ин кирдори нодурусти беандешона ҷазои сазовори худро хоҳад гирифт. Зеро ҷаҳони муосири имрӯзаро бе интернет тасаввур кардан мумкин нест ва якбора қариб ду маротиба афзун гардондани нархномаи тарофавӣ амали зиддимардумист ва халалдоркунандаи пеши роҳи тараққиёти минбаъдаи кишвар аст.
Бо вуҷуди ин хушхабар ва ғамхориҳои Пешвои миллат ба мардуми шарифи Тоҷикистон хонаи хоинони Ватан: чун Кабирию Илҳом Ёқубов ва дигар лагандбардоронаш бори дигар оташи дигар гирифт ва то абад хоҳанд сӯхт…
РОФИЕВА Н.
устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров