Китобхонаи электронии донишкада бар асоси нақшаи тасдиқнамудаи фаъолияти кории худ дар соли таҳсили ҷорӣ бо як қатор муассисаву китобхонаҳои воқеиву маҷозӣ ҳамкориҳои дуҷонибаро бароҳ мондааст.
Аз ҷумла, ҷиҳати ба иҷро даровардани банди 23-и “Нақшаи кори Шурои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023”, ки ба ҷорӣ намудани технологияи иттилоотии муосирбо мақсади донишандӯзӣ ва ӣаланд бардоштани маърифатнокии насли наврасу ҷавонон, аз ҷумла таъмини дастрасии фосилавӣ ба хазинаи Китобхонаи давлатии патентию техникӣ, инчунин мунтазам ташкил намудани намоишгоҳҳои даврии фосилавӣ, адабиёти нав ва ҳуҷҷатҳои патентӣ бахшида шудааст, бо масъулини Китобхонаи давлатии патентию техникӣ гуфтушунид доир намуда, ҳамкориҳои бисёрҷонибаро барқарор намудаанд.
Натиҷаи ин ҳамкориҳост, ки бо пешниҳоди КДПТ китобхонаи электронии донишкада имкон пайдо кард, ки ба Каталоги электронии Китобхонаи патентию техникии умумирусиягии FIPS дастрасӣ дошта бошад.