Дастовард

Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон дар соли 2015 ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму
тарбия ва илм, корҳои ободониву созандагӣ чунин тадбирҳоро амалӣ намуд:
1. Соли ҷорӣ донишкада Иҷозатномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди пешбурди фаъолияти
таълимӣ аз рӯи ихтисоси 510201-0104- коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (корҳои пармакунӣ) ва
фаъоляти магистратура аз рӯи ихтисосҳои 510202- коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ, 360101-
технологияи мошинсозӣ, 430103-01- таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ, 420101-0104- металлургияи
металлҳои ранга, 510201-01- коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (корҳои кушоди кӯҳӣ), гирифт.
2. Бо мақсади шаффоф ва тибқи низоми кредитии таҳсилот гузаронидани имтиҳонҳои ниҳоӣ, шуруъ аз
соли хониши ҷорӣ қабули имтиҳонҳо тариқи компутер ба роҳ монда шуда, синфхонаҳои компутерии
донишкада ба шабакаи ягонаи электронӣ васл карда шуданд.
3. Бо мақсади боз ҳам беҳтар гардонидани раванди таълим, тибқи шартномаи ҳамкории донишкада бо
ҶДММ КМ «Зарафшон» лабораторияи таълимии навтаъсиси коркарди конҳои канданиҳои фоиданок бо
таҷҳизотҳо таъмин карда шуда, барои ихтисоси нафту газ лабораторияи таълимӣ таъсис ва лавозимотҳои
зарурӣ харидорӣ карда шуд.
4. Дар назди кафедраи сохтмон ва графикаи муҳандисӣ синфхонаи муҷҷаҳаз бо 10 адад компутерҳои
ҳозиразамон, 1 тахтаи электронӣ ва 1 адад проектор бо мақсади ташкили курси омузиши графикаи
муҳандисӣ, гузаронидани машғулиятҳои амалӣ, татбиқи амалии таҷҳизотҳои мултимедӣ ва
технологикунонии ҷараёни таълим барои омӯзгорон ва хатмкунандагон ташкил карда шуд.
5. Дар назди факултетҳо барои гузаронидани корҳои лаборатории виртуалӣ аз фанҳои тахассусӣ 3
синфхонаи компутерии ҳозиразамон (иборат аз 60 компутер) мавриди истифода қарор дода шуд.
6. Тибқи шартномаҳои ҳамкорӣ аз тарафи ҶСШК “Комбинати металлҳои нодири Ленинобод”
лабораторияи фанни химия бо реагентҳо ва дигар маводҳои химиявӣ, лабораторияи гидравлика бо лулаҳо
таъмин гардида, ба китобхонаи донишкада 600 адад адабиётҳои тахассусӣ тақдим карда шуд.
7. Имконияти донишкада дар самти омода намудани кадрҳо барои равияҳои корҳои таркишӣ хеле васеъ
буда дар робита бо дастуру дастгириҳои вазорат ва ҳамкории роҳбарони корхонаҳои саноатӣ амалӣ
карда мешавад. Айни ҳол барномаҳои таълимӣ омӯзишии корҳои тарконишӣ ва роҳбарӣ ба корҳои
тарконишӣ таҳия шуда, барои мувофиқа ба мақомотҳои марбута ирсол гардидааст.
8. 28 марти соли 2015 дар донишкада семинари илмӣ – методӣ дар мавзӯи “Аҳамияти фанҳои
умумитехникӣ дар таҳсилоти муосири техникӣ” бо иштироки намояндагони 5 муассисаҳои таҳсилоти
олии вилояти Суғд баргузор гардид. Дар кори семинар зиёда аз 80 нафар омӯзгорону донишҷӯён, аз ҷумла
3 докторони илм профессорон ва 12 номзадҳои илм, дотсентон иштирок доштанд. 12 июни соли 2015 дар
донишкада семинари илмӣ – методӣ дар мавзӯи “Таълими фанҳои дақиқ ва ҷомеашиносӣ бо усулҳои
технологияҳои инноватсионӣ” бо иштироки намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд
баргузор гардид. Дар кори семинар зиёда аз 75 нафар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
9. Дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва барои ба роҳ мондани ҳамкории тарафайн ва муфид баланд бардоштани
самаранокии корҳои илмӣ-методӣ бо Донишгоҳи миллӣ- тадқиқотии Қазони Федератсияи Русия
«Шартномаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм ва фарҳанг» ба имзо расид. Ҳамзамон, донишкада бо
донишгоҳи нафти Ҷумҳурии мардумии Чин Созишнома ба имзо расонд. Тибқи Созишнома 20 – августи
соли ҷорӣ Донишкадаи Конфутсия дар назди донишкада ифтитоҳ гардид.
10. 08.12.2015с. то 16.12.2015с. дар шаҳри Оренбурги Федератсияи Русия Ҷоми ҷаҳон аз рӯи гуштини
камарбандӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯи курси 2, ихтисоси 360101 Маматқулов А. дар вазни 81
кг иштирок намуда, сазовори ҷои 3-юм гардида, бо Ифтихорнома ва медали биринҷӣ сарфароз гардонида
шуд.
11. Аз 11 то 13 марти соли 2015 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тољикистон олимпиадаи
донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми Академияи
илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки донишҷӯёни донишкада иштирок намуда, ба гирифтани
ҷои 3-юм (аз фанни геология) ва ҷои чорум (аз фанни физика) мушарраф гардиданд. Ҳамчунин, 7-8-уми
майи соли 2015 дар ш.Душанбе даври хотимавии олимпиадаи донишҷӯён баргузор гардид. Дар олимпиада
донишҷӯёни донишкада фаъолона иштирок намуданд. Донишҷуи бахши 2 ихтисоси 430102-03, факултети
энергомеханика Боқизода Д. ба дипломи дараҷаи 2 сазовор гашт.
12. Ҳайати устодону профессорони донишкада соли 2015 – ро бо натиxа{ои хуб xамъбаст намуданд. Аз
тарафи омeзгорон 181 адад корҳои илмӣ-методӣ, аз он ҷумла 3 китоби дарсӣ, 5 нахустпатенти ҶТ, 29
дастури таълимӣ методӣ, 144 мақола, ки аз онҳо 42 то дар хориҷи кишвар нашр шудаанд, ба чоп расид.
13. 18-декабри соли 2015 бо ибтикори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи
куҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории донишкада Семинар -машварати техникӣ
баргузор гардид.
14. Xомеаи ме{натии ДКМТ нисбати кор{ои ободонb, таъмири бинову иншоот, тоза намудани атрофи
таълимго{ чора{ои амалb андешид. Аз xумла, замин{ои {удуди донишкада шудгор, гирду атроф тоза
карда шуд. Бо иrдоми кормандон 450 бех ни{ол{ои ороишb ва сояафкан, 800 бех гули садбарг шинонида
шуд.
15. Бо мақсади зиёд намудани масоҳати таълимӣ, таъмири ошёнаҳои 2 ва 3-и хобгоҳи №1 ба итмом расида
шуд ва корҳои сохтмонии ошёнаи дигар дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар назар аст, ки хобгоҳи
№1 пас аз таъмири пурра ҳамчун бинои таълимӣ ба истифода дода мешавад.
16. Барои гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бо меҳмонон, ба тариқи мустақим ва ё фосилавӣ баргузор
намудани мизҳои мудаввар, гузаронидани конфронсу семинарҳо толори нав (конференсзал) бо масоҳаташ
86 м2 мебошад ва таъмир бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.