Дар доираи маҳфилҳои рушди илм барои иншои мақолаҳои илмӣ бо иштироки проектор оид ба корҳои илмӣ ва равобити байналмилалӣ Замонидин Насридинов мулоқот доир гардид. Дар ин семинари назариявӣ устод З.насридинов аз сифати иншои мақолаҳои илмӣ ва роҳу усулҳои нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои илмӣ ҳарф заданд.
Таъкид гардид, ки донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон як муассисаи давлатии мактаби олӣ буда баробари таълиму тарбия рушди корҳои илмӣ аз ҷониби омузгорон хуб ба роҳ монда шавад. Дар ин маврид аз ҷониби Раёсати донишкада ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Муҳим иншои мақолаҳо, нашри китобҳои таълимӣ ва вусъат бахшидани неруи илмии донишкада мебошад.
Дасти тарбияи илми муосир барои кумак доим омода аст.