Чандест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бисёр ҳам дар вазъияти вазнин қарор гирифтанд ва ин ҳам бошад бо сар задани вируси чинӣ ё худ пандемияи КОВИД-2019 рабт дорад, ки шумораи гирифторон дар баъзе кишварҳо ҳанӯз дар афзоиш ва хушбахтона дар баъзе кишварҳо барои наҷоти он чанд роҳҳои табобат пайдо шудаасту гирифторони ин маризӣ шифо ёфтанд.
Ба бахти миллати тоҷик ин пандемия ё худ вируси КОВИД-2019 дар кишвари мо ба қайд гирифта нашудааст ва хушбахтона то кунун ягон ҳолати гирифторшавӣ ба ин маризи ба чашм нахӯрдааст ва ин ҳам натиҷаи ҳамон чораҳои андешидашудаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати пешгирӣ аз ин пандемия мебошад, ки воқеан ҳам кор дод.
Як нафаре, ки доим аз фаъолиятҳои ин ё он соҳ дар хориҷ аз кишвар интиқод мекард рӯзе қабл дар мусоҳибае ба расонаҳои хабарӣ иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои пешгириро дар қаламравӣ кишвар хеле пурзур намуд ва хушбахтона ин амал кор дод.
Оре, тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ҳанӯз чанд нафари дигар дар карантин қарор доранд ва дар миёни аҳолии осоишта ҳолатҳои мублашавӣ ва ё худ сироятёбӣ ба қайд гирифта нашудааст, ки ин бахти баланди миллат мебошад.
Аммо набояд фаромӯш кард, ки пандемия КОВИД-2019 на ба ҳар кас таъсир мерасонад ва на дар ҳама ҳолат ҷонгир аст. Имрӯз имконияти табобати он пайдо шудааст ва таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки воқеан ҳам роҳҳои табобати ин пандемия вуҷуд дорад ва чизи муҳиме, ки аз шаҳрвандон тақозо мешавад, ин ба воҳимаву таҳлука дода нашудан аст.
Зеро тарсу ҳарос ва воҳима аллакай худ тибқи омилҳои психологӣ ба мафкураи инсон таъсир мерасонад ва инсонро рӯҳан мариз месозад, ки дар ин ҳолат ҳатто баъзан аз тарсу воҳимаи КОВИД-2019 инсон аз гирифторӣ ба зуком фавтиданаш мумкин аст. Табқи маълумотҳои ба даст омада ва ахбори нашрнамудаи муассисаҳои тандурустӣ шаҳрвандон метавонанд ба воҳима дода нашаванд ва фақат гигиенаи шахсиро риоя созанду аз муошират ва гашту гузори бемаврид худдорӣ варзанд ва ин беҳтарин роҳи пешгирӣ мебошад.
Набояд фаромӯш кард, ки вақте инсон рӯҳан аллакай ба қабули ин беморӣ бо тарсу воҳима таҳлука омода мешавад, ин аллакай ҷанбаҳои манфии ҳамон инсон аст ва ин гуна инсонҳо бештар осеб мебинанд, назар ба афроди солим ва хушбин.
Аз ин лиҳоз, аз ҳамаи шаҳрвандони кишвар талаб мекунем, ки ҷиҳати пешгирӣ ба ин пандемияи КОВИД-2019 ба таври ҳамешагӣ чораҳои пешгирӣ ва гигиенаи шахсиро риоя намоянд ва ҳамеша хушбин бошанд, зеро хушбинӣ худ ними табобат ва шифоёбист.
Ҳоло хушбахтона дар кишвари мо ин намуди вируси чинӣ ё худ пандемияи КОВИД-2019 ба қайд гирифта нашудааст ва ягон ҳолати мубталошавӣ ҳам вуҷуд надорад, ки ин ба бахти баланди миллати тоҷик мебошад.
Аз ин рӯ, аз ҳамаи шаҳрвандони кишвар, ки ба хотири ин ҳолатҳо хеле нороҳат мешаванд, тавсия дода мешавад, ки ба хабарҳои бардурӯғ ва сохтаи расонаҳои ифротӣ таваҷҷуҳ накунед ва ҳар як хабару гузоришро дар ин бора аз манбаъҳои муътамади Вазорати тандурустӣ ва сомонаҳову оҷонсиҳои хабарии ватанӣ ҷӯё шавед. Ба бегонагон бовар кардан нашояд, зеро ки бегона дили дигару забони дигар дорад!
М. Абдусаломов
омӯзгори ДКМТ