Ба ҷои ҳангомаҷуиҳои сиёсӣ иддае аз пайравони мазҳабӣ ба ҳунармандӣ шуғл варзанд хуб мешуд. Ҳам воситаи даромади зиндагӣ ва ҳам пешравии ҷомеа аст.
Ҳунарҳои халқӣ ва навъҳои гуногуни онҳо дар ҳаёти мардум ҷойгоҳи махсус дошта, аз падидаҳои муҳими фарҳанги миллии тоҷикон ба шумор меравад. Ҳунар ба ҳаёти инсон алоқаманд буда, ҳисси зебопарастии ҳар як шахсро таҷассум менамояд. Мавриди зикр аст, ки дар фарҳанги суннатии тоҷикон намунаҳои ҳунар ва анъанаҳои зиёде мавҷуданд. Аммо, чанд соли охир бисёре аз онҳо қариб фаромӯш шуда буданд:
Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ,
Даркушоӣ кунад на дарбандӣ.
Хушбахтона, бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дубора ҳунарҳо эҳё шуданд. Хусусан, соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2018-2019 дар рушди эҳёи миллӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Таърих собит намуд, ки мардуми тоҷик аз қадим ҳунарманд буданд. Дар доираи татбиқи иқдоми Пешвои миллат дар шаҳру ноҳияҳои кишвар даҳҳо мактабҳои ҳунармандӣ ташкил шуданд. Ҳунарҳое, ки замоне фаромӯш шуда буданд, арзиши бештар пайдо намуданд. Намунаҳои нақшу нигор дар чӯб мебошад. Кандакориву чӯбтарошӣ аз ҳунарҳои дигари мардуми мо ба шумор меравад.Ҳунари онҳо дар сохтани табақу коса, гаҳвора, сутун мушоҳида карда мешавад. Онҳо барои ҳунармандон доира, дутор, аспоби нафасӣ, ғижак низ омода месозанд.
Ҳунарҳои мардумӣ дар ороиши сару либос, ҷиҳози хона низ мушоҳида мешавад ва вобаста ба маҳалҳо дар ороиши онҳо тағйири шаклу намуд кардаанд.Гузаштагони пурҳикмати мо бо ҳунарҳои мардумии худ машҳур гардидаанд. Дар асари яке аз бузургони мо шоири ҳунарманди точик Миробид Сайидои Насафӣ ҳунарҳои мардумӣ бисёр хуб инъикос ёфтааст.Ӯ худ низ ба касби бофандагӣ шуғл дошт. Дар бораи бисёр ҳунарҳои дастии халқи тоҷик маълумот додааст.Занони тоҷик, низ дар гузашта ба дӯхтани ҷиҳак, дӯхтани либосҳои маросимӣ, бофтани ҳар гуна ашёҳо аз ресмон, дӯхтани туппиҳои миллӣ ва ғайраҳо машғул мешуданд.
Нурматова М.Р.,
Ассистенти кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷии ДКМТ