ДАР ҲОШИЯИ ОДОБИ ДӮСТӢ

Омилҳои зиёде дар сарнавишти инсон таъсир гузор аст, ки яке аз он авомил, дуст ва ҳамнишин аст.

Бояд таваҷҷуҳ дошт, ки дусту дусти бо ҳам тафовут доранд. Дуст яъне ҳамнишин, ҳамдам, ҳамроз ва … аммо дусти мутааллиқ ба ахлоқ ва рафтор аст.

Ростгӯи амри муҳимме дар дусти бо афрод аст чаро ки сабаби иртиқои руҳияи садоқат дар фард мешавад. Навиштаанд: марде бисёр ба ҳазрати имом Ҳасан(а) алоқаманд буд. Хидмати он ҳазрат омад ва аз ӯ хост ки дусту ҳамнишин ӯ бошад. Имом Ҳасан (а) бо чеҳраи гушода ба ӯ табассум намуд ва ҷавоби мусбат дод ва фармуд: Ҳарчи бошад мепазирам. Ҳазрат(а) фармуд: Агар мехоҳи бо ман дуст боши набояд маро мадҳ намои зеро ман худро беҳтар аз ту мешиносам; мабодо ба ман дуруғ бигуи зеро дуруғро арзишу эътиборе нест; ва мабодо назди ман аз касе ғайбат намоӣ. Мард андаке хомуш шуд ва чун он шароитро дар худ намедид ба он ҳазрат гуфт: Эй фарзанди Расули Худо(с)! Ба ман иҷоза бидеҳ то боз гардам. Имом Ҳасан(а) бо лабханде фармуд: Агар ингуна мехоҳи ишколе надорад.

Риояти эҳтиром аз дигар одоб ва шароити дусти аст. Чаро ки афрод дар натиҷаи дусти нисбат ба ҳадмигар ҳуқуқе пайдо мекунанд, ки бояд ба ин ҳуқуқ эҳтиром бигузоранд. Гузашта аз он, аз ҷумла вазоифе ки мусулмонон дорад ҳифзи эҳтироми дигарон аст ва чи басо ки тағир равияҳо ва ислоҳоти рафторе дигарон ба ҳамин тариқ иҷро мешавад зеро эҳтиром сабаби ҳидояти дигарон мешавад.

 

Шарти дигар, тавозуъ аст. Робитаи дусти вақте мустаҳкамтар мешавад ки фард бубинад дусташ на танҳо ба ӯ эҳтиром мегузорад балки ҳаргиз худро аз ӯ болотар надида ва қасди фахрфуруши ба ӯро надорад. Ҳамчунон ки ҳазрати Алӣ(а) дар ин бора мефармоянд: Байни дустон, одобварзи ҷойгоҳе надорад. Яъне дустон бояд бо ҳам самими бошанд ва одоберо ки заминасози дури аст канор гузоранд.

 

Ҳамчунин пирони хирад  ҳамнишини бо андешамандон ва соҳибони хирадро мавҷиби камоли ақл дониста мефармоянд: Бо ҳукамо ҳамнишини кун то ақлат комил, нафсат шариф ва ҷаҳлат дур гардад.

 

Аммо пири кор  мардумро аз ҳамнишин бо дунёталабон ба шиддат наҳ мезанад ва мефармояд: Дар хусуси одоби дусти дар ривоятҳои бузургон мо метавонем ба ду нукта ишора кунем. Нуктаи аввал зарурати дустёби аст. Ривояти бисёр зиёде дорем, ки моро ташвиқ мекунанд бо интихоби дустоне бо сифати барҷастаи инсони.

 

Оҷизтарин ва нотавонтарин инсон касе аст, ки оҷиз бошад аз инки дустоне барои худаш дасту по кунад ва ба даст биёварад ва оҷизтар аз ӯ касе аст, ки як дусте дошта бошад ва бо заҳмат он дустро ба даст оварад бошад ва баъд он дустро аз даст бидиҳад.

 

Нуктаи дигар одоби дусти аст. Дустёби як нукта аст ва ин ки дусти мо ва пайвасти дусти мо барқарор бошад нуктаи дуввум аст ки ба мо роҳкор нишон медиҳад, ки ин дустонро ҳамеша дошта бошем.

 

Тавозуъ ва фурутани ва рости ва садоқат ва вафои ба аҳд ҳадя додан ва диду боздид ва ҳифзи асрори ҳар кадом аз инҳо боби алоҳида  аст ки дар бораи инҳо метавон суханҳо гуфт ва маҷмуаи инҳоро метавон  дустиҳоро муҳкам мекунад ва боиси давоми дусти мешавад.

Аз дигар вазифаҳо ва одоби дусти, тадовум бахшидан ба он дар гирифториҳо аст. Он гуна сурудаанд:

Дуст он бошад ки гирад дасти дуст

Дар парешонҳоливу дар мондаги

 

Яке аз одоби дусти ин аст ки вақте касе бемор мешавад ва ниёз ба таваҷуҳ отифи бештаре дорад дустон ба аёдаташ бираванд.

Шарти дигар дусти бурдбори аст. Бадеҳи аст, ки дар зиндаги инсон, фарозҳо ва нишебҳое рух медиҳад ва ин ҳоле ба ҳоле шуданҳо дар работиаш бо дигарон аз ҷумла бо дуст ва ҳамнишин таъсир мегузорад. Ҳол агар дар ҳангоми ибтило ва гирифтори дуст таҳаммлул ҳамроҳи бо инсонро надошта бошад, мутмаинан дусти пойдор намемонад.

Яке аз роҳҳои зиёд шудани таҳаммул ва бурдбори ҳамнишини бо афроди ҳалим аст.

Ҳамчунин ҳамнишини бо улмао боиси афзоиши илм ва дониш, ва дониш мавҷии басират мешавад ва саранҷом хушбахтиро дар пай дорад.

 

Ҳаргоҳ яке аз шумо бародар ва ҳамроҳи худро дуст дошт ва алоқаманд буд. Бояд ӯро аз муҳаббат ва алоқаи худ огоҳ соз чароки ин кор мавҷиби беҳбудии равобит мешавад.

 

Интихоби дусти қадими

 

 

Аз ҳар чизе навашро баргузин аммо аз дустон, қадимиашро.

 

Дусти ҳақиқи

 

 

Дуст ва бародари воқеи ту касе аст ки: лағзиш ва иштибоҳатро бибахшад ва узратро бипазирад ва айбҳоятро бипушонад.

 

Савол аз ном ва нишони дуст

 

Ҳаргоҳ бо касе дусти шадид бояд аз номаш ва номи падараш ва қабилааш ва манзилаш савол куни ки ин ҷузи воҷиботи дусти буда ва покизатарин дусти аст.

Нукта: Оё таваҷҷуҳ кардаед гоҳе инсон дар тули як сафар ё дар автобус бо касе чанд соат бо ҳам аст ва бо ҳам ҳарф мезанад аммо то охири сафар ҳатто исми ҳамдигарро намефарҳманд. Ин ҷузъи одоби шарқӣ  нест балки мутобиқи ин ривоят беҳтар аст инсон вақте бо касе ошно мешавад аввалин чизе ки аз ӯ мепурсад номаш бошад.

 

Парҳез аз дустони модди

 

Аз дусти бо касоне ки ба тамаъи чизе ба сӯи ту омадаанд ё аз руи тарс  ё ниёз ва ё ба хотири хурду хурок бо ту дусти мекунанд бар ҳазар бош ва бипарҳез ва дунболи дусти бо инсонҳои бо тақво бош ҳарчанд дар пайи ёфтани ингуна афрод умратро сарф куни.

 

 

Беҳтарин дуст

 

 

Беҳтарин дустон ту касе ки айбҳоятро бар ту ҳадя кунад.

 

 

Беҳтарини дустони ту касе аст ки туро ба сӯи роҳи ҳидоят роҳнами кунад ва боис шавад тақво ба даст овари ва туро аз ҳавопарасти ва пайрави хоҳишҳои нафс боз дорад.

 

Огоҳ накардани дуст бар асрор

Ҳеҷгоҳ дустатро ба розҳои худ огоҳ накун магар розе ки агар душманат бадон бавоситаи он зараре ба ту нарасад чароки дуст, рузии душман хоҳад шуд.

Милоки интихоби дуст

 

Ҳаргоҳ аз ошноён ва бародаронат касе буд ки се бор бар ту асабони шуд аммо дар борат бади нагуфт ӯро ба дусти худ интихоб кун.

 

Парҳез аз дусти бо ноаҳл

 

Бо инсонҳои шарур дусти ва ҳамнишини накун чароки ӯ монанд шамшер охтае аст, ки симояш зебост аммо асараш зишт ва нописанд.

 

Меъёри шинохти дуст

Дустатро намешиноси магар вақте ба ӯ ниёз пайдо мекуни.

Нишонаи дусти

Дусти ва хайрхоҳи шахс нисбат ба бародар ва рафиқат дар хурданаш ошкор мешавад.

 

Мӯҳсин Воҳидзода, аспиранти ДКМТ