ДАР ТАНИ СОЛИМ АҚЛИ СОЛИМ

Бо иштироки як гуруҳ духтурони маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри Бустон дар Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон  ба мақсади пешгирии бемориҳои сирояткунанда мулоқоти судманде баргузор гардид, ки аз он донишҷуёну омузгорон баҳраёб шуданд. Оид ба бемориҳои зардпарвин, зуком, вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ-СПИД) , бемории сил ва монанди ин шифокорон маълумоти муфассал дода, аз ҳозирон даъват ба амал оварданд, ки нисбат ба саломатии худ бепарво набошанд. Беҳуда намегуянд, ки дар тани солим ақли солим.