Мулоқоти виртуалии Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон дар Интернет боиси вокунишҳои гуногун гардид. Аз ҷумла, вобаста ба ҷузъиёти ин суҳбат қаламкаши наҳзатиён Саидюнуси Истаравшанӣ “бо ишора ба рафтори ғайриахлоқии мақомот дар вуруд ба ҳарими хусусии шаҳрвандон ва сабти равобити заношӯии онҳо ва ба намоиш гузоштани он дар телевизиюнҳои давлатӣ” ибрози андеша намудааст.
Ба тафсилоти ин суҳбат дода нашуда баён медорем, ки дар ҳама давру замон зимоми давлатдорӣ масъалаи амният ва ахлоқи ҷомеаро дар мадди аввал мегузорад. Эрод гирифтан ба шакли корбарии мақомот аз заифии Саидюнус дарак медиҳад, ки ба иллати ғарибӣ дар кишварҳои дигар сарсону саргардон аст.
Низоми давлатдорӣ чунин аст, ки барои таҳкими ягонагии Ватан ва волоияти қонунҳои мавҷудаи кишвар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар доираи салоҳияти худ фаъолият пеш мебарад. Дар чунин марҳилаи бунёдкорӣ таъмини сулҳу субот бе андештидани тадбирҳои амниятӣ ба даст намеояд.
Ҷомеаро мазҳабӣ намудан ҳадафи ҳизби наҳзати ислом буд ва дар ин росто комёб ҳам шуданд. Хоса, ҷавононро ба гирдоби сиёсати муноқишаомез кашида орзую омоли онҳоро поймол карданд. Хонабардуш дар кишварҳои бегона дасти гадоӣ мебардоранд. Оё ҳамин аст барномаи 100 лидери муваффақи Кабирӣ?
Ҳадаф аз ташкили ин мулоқот ҳангомасозӣ дар атрофи сиёсатмадори беобрушудаи ҲНИ Кабирӣ буд, ки як навъ ҳисоботи солона пеши хоҷаҳои зархаридаш аст ва Кури Юнус барин хома ба дастон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамосаи ҳамоқати сиёсиро идома медиҳанд.
Соя андохтан ба фаъолияти дохилии мамлакат аз як кишвари дур аз Ватан нишонаи номардӣ аст. Ҷавҳари мардӣ агар медошт, наҳзати ислом бояд назди мардум изҳори пушаймонӣ ва тавба аз кирдори зишти худ мекард.
Фарҳанги сиёсӣ тақозо мекунад, ки таҳаммулпазирона ба даъвои “талоши ахлоқии “ Саидюнуси Истаравшанӣ посух гуем.
Абдумалик Олимов,
дотсенти Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон