Имрузҳо мардуми кишварамон бо шукргузорӣ аз файзи Истиқлолу Ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешвози яке аз ҷашнҳои бузурги миллиамон 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.
Мавриди зикр аст, ки иқдоми ташаббускоронаи Шумо оиди эълон гардидани “1300-Рӯзи зарбдор” ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сабаб гардид, ки имрӯз дар тамоми минтақаҳои вилоятамон иншоотҳои гуногуни иҷтимою фарҳангӣ, муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳои хурду калон қомат афрохта, мавриди истифода қарор ёфта истодаанд. Аз ин лиҳоз, имрӯз аз ҷониби Шумо ифтитоҳ бахшидан ба 2 иншооти ҷашнии донишкада: хобгоҳ барои омӯзгорони ҷавон ва донишҷуйдухтарон инчунин, майдончаи варзишии дорои тамоми шароитҳои муосир дар лавҳи хотири мо донишҷуён ҳамеша боқӣ мемонад.
Бояд тазаккур дод, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани майдончаи варзишӣ бо таҷҳизотҳои зарурӣ ҷиҳозонида шуда, барои тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон, рушди варзиш ва ташаккули ҷисмонии ҷавонон шароити мусоидро фароҳам меоварад. Итминони комил дорам, ки ба ин васила дастовардҳои варзишии донишкада дар мусобиқаҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ боз ҳам афзун гардида, варзишгарони мо дар арсаи байналхалқӣ кишвари моро муаррифӣ менамоянд.
Абдуманон Раҷабов, донишҷуи ДКМТ