Дар назди ДКМТ маркази касбомӯзии кӯҳию металлургии Чину Тоҷикистон ифтитоҳ гардид

Имрӯз, дар толори видеоконфронси Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ширкати муовини раиси шаҳри Бӯстон Сатторзода Хуршед, ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ., намояндаи вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шамсиева Наргиза, директори ҷониби чиноии Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Рен Гентиян, директори ҷониби тоҷикистонии Донишкадаи Конфутсий Валиева Мастура, муовини ректор оид ба таълим Насриддинов Замониддин, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов Абдусафо, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев Акбархон ва дигар омӯзгорон аз ҷониби Тоҷикистон ва аз ҷониби Ҷумҳурии мардумии Чин ректори Донишкадаи касбӣ- техникии захираҳо ва муҳити Ланчжоу Чжэн Шаочжун, Чжан Лин муовини ректори Донишкадаи касбӣ- техникии захираҳо ва муҳити атрофи Ланчжоу, директори шуъбаи мубодилаи байналмиллалии ҳамин донишкада, декани факултети металлургия ва муҳандисии ҳамин донишкада Ма Киёнг, декани факултети геология ва ҷавоҳироти ҳамин донишкада Гао Лей ширкат ва суханронӣ намуданд.

Чорабинии имрӯзаро муовини ректор Насриддинов З. гардонандагӣ намуда, сухани ифтитоҳиро ба ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ доданд. Бахтиёр Маҳмадалӣ аз муносибати дӯстонаву бародаронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин ёдовар шуда, суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз собиқаи ҳамкориҳои ду кишвари ҳамсоя ёдрас шуданд. Ҳамчунин, ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ аз ифтитоҳи маркази таълимии кӯҳию металлургии Тоҷикистону Чин изҳори хурсандӣ намуда, таъкид доштанд, ки боз кардани чунин марказҳо барои омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи кӯҳкорӣ ва металлургия барои ҳар ду ҷониб муфид хоҳад буд. Мо , аз ҷониби худ талош менамоем, то дар ин самт табодули таҷриба байни донишкадаҳо бештар гардад.
Ректори донишкада қайд намуданд, ки таъсис додани маркази муштарак байни Тоҷикистон ва Чин як қадами нек барои расидан ба ҳадафҳои олӣ ва пайванди халқҳо мебошад.

Сипас, аз ҷониби Ҷумҳурии мардумии Чин ректори Донишкадаи касбӣ- техникии захираҳо ва муҳити Ланчжоу Чжен Шаочжун суханронӣ намуда, атрофи ҳамкориҳо бо Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мулоҳизаронӣ намуд ва изҳори хурсандӣ намуд, ки солҳои тӯлонӣ бо мо ҳамкорӣ ба роҳ мондааст. Таъсиси маркази муштаракро ӯ қадами устувор барои муносибати нек номид.
Ҳамчунин, дар ин мулоқоти маҷозӣ аз ҷониби Тоҷикистон намояндаи вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиева Наргиза, муовини раиси шаҳри Бӯстон Сатторзода Хуршед суханронӣ намуданд.
Аз ҷониби Чин бошад, директори ҷониби чиноии Донишкадаи Конфутсий дар назди ДКМТ Рен Гентян, декани факултети металлургия ва муҳандисии коллеҷи Донишкадаи касбӣ-техникии захираҳо ва муҳити Ланчжоу Ма Тсюн ва роҳбари раёсати музофоти Гансу суханронӣ намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ ҷонибҳо ба таври расмӣ аз намоди  Маркази касбомӯзии нав парда бардоштанд.

Шуъбаи иттилоот

 

Шуъбаи иттилоот