ДАР МУБОРИЗА БАР АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БОЯД БЕТАРАФ НАБОШЕМ

Равандҳои ҷаҳонишавӣ барои таъсир расонидан ба ҳаёти иҷтимоӣ ва аз чанд ҷиҳат имконёб гардидани масъалаҳо талош менамоянд. Аммо раванди ҷаҳонишавӣ, ки имрӯз аксарияти миллатҳо ва қавмҳоро тфаро гирифтааст дар баробари ҷанбаҳои мусбӣ боҳ ҷанбаҳои манфӣ низ дорад, ки аз он ба осонӣ гурехтан нашояд.

Яке аз ҷанбаҳои манфӣ ва таъсиррасонӣ ин падида ва ё худ раванд дар он аст, ки ба инсон новобаста ба шакли пӯст ва баромади иҷтимоиву вижагии миллӣ имконияти баробар дар интихоби ин ё он роҳро медиҳад, ки бисёр ҳам ташвишовар аст. Зеро на ҳамаи сокинони сайёра барои қабули ҳолат одат кардаанд ва аксарияти сокинони ҷаҳони сеюм дар ҳоли бӯҳронӣ маънавӣ қарор доранд, ки раванди ҷаҳонишавиро дар шакли манфӣ бештар қабул менамоянд.

Аммо чизе дигаре, ки кунун ҷомеаи ҷаҳониро ташвиш медиҳад ва аксарияти сокинони сайёра аз он ранҷ мебаранд ин падидаҳои номатлуби асри нав ба монанди терроризму экстремизм мебошад, ки дар ҳама ҷо доман паҳн намудааст.

Ҳамон гуна, ки маълум аст, мақсади аслии ин гурӯҳҳо ин паҳн намудани тарс ва ҷой додани андешаи ваҳшоният дар мафкураи мардум мебошад. Бештари ин гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ баромади мазҳабӣ доранд.

Ҳарчанд таҳлилҳо нишон медиҳад, ки ин гурӯҳҳо аслан ба дину мазҳаб ягон иртиботе надоранд, лек ин созмонҳои террористӣ барои маҳбубият пайдо намудан, теъдоди аъзоёнро зиёд гардонидан,  бештар аз ҷонибдории ин ё он мазҳабу равия истифода менамоянд, то ҳарчӣ зудтар сафи аъзоёни худро зиёд намоянд.

Бояд зикр кард, ки террористон ва гурӯҳҳои ифротгаро технологияи махсуси мафтунсозиро аз тариқи суханони мазҳабиву динӣ эҷод намудаанд, ки тибқи маълумоти мутахассисон дар 13 дақиқа як нафарро метавонанд ба пуррагӣ ба ҷониби худ гардонанд, ки аз ин барнома бештар созмони террористии  “Давлати исломӣ” истифода менамояд.

Қайд кардан зарур аст, ки ин раванди гумроҳсозиро созмонҳои террористӣ махсус истифода менамоянд ва солҳо зарур меояд, ки як инсонро пас аз мағзшӯӣ шуданаш аз тарафи ин гурӯҳҳо ба ҳаёти муқаррарӣ баргардонӣ. Ҳарчанд илми тибби замони муосир ба ин масъала хулосаи амиқро набаровардааст, аммо мешавад хулоса кард, ки ба зудӣ як гирифтор ба ин гуррӯҳҳоро намешавад ба ҳаёти осоишта баргардонид.

Мисоли равшани ин гуна афрод ва созмонҳои террористӣ аъзоёни ТЭТ ҲНИ шуда метавонанд, ки дар чанд соли фаъолияти худ аз солҳои 90-уми асри гузашта шурӯъ намуда, то ба ҳол ба ҳолати вазнини ваҳшатафканӣ ва ғайриинсонӣ гирифтор ҳастанд. Бубинед аъзоёни ТЭТ ҲНИ дар кишвар имконияти хуби зиндагиву фаъолият доштанд, аммо мафкураи кайҳо боз ифротишудаашон нагузошт, ки ҳамчун инсон озодона зиндагӣ кунанд. Ва ҳамин буд, ки ин аъзоёни ТЭТ ҲНИ бо роҳбарии яке аз мағзшӯишудагони худ даст ба табаддулоти давлатӣ заданд ва хостанд, ки дубора ҳаёти осоиштаи миллати тоҷикро нобуд созанд. Аммо хушбахтона, ки аз тарафи мақомоти қудратӣ безарар гардонида шуд ин гурӯҳи табаддулотчиён ва роҳбари ТЭТ ҲНИ бо шуморе аз аъзоёнаш ба хориҷ фирор намуд, то аз ҷавобгарӣ дар назди қонун вораҳад.

Ҳоло барои боз ҳам қавитар гардонидани мубориза бар зидди ин падидаҳои номатлуб дар кишвар миёни ҷавонон ва ноболиғон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад ва дар ин замина омӯзгорон ва дигар шаҳрвандони кишвар низ бояд бетараф набошанд.

Зикри ин нукта муҳим аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсатҳои пешгирифтаи Асосгузори сулҳу-ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин давлатҳое шуд, ки бар алайҳи паҳншудани хатари терроризм ва экстремизм даъват ба амал овард ва дар ин замина якчанд санаду қонунҳои муҳимро бар зидди ин падидаи номатлуби аср қабул намуд. Минҷумла ,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999, « Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» аз 8 декабри соли 2003 ва  «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020»  мебошад, ки баҳри пурзӯр намудани мубориза бар ин даҳшати аср ва зуҳуроти номатлуби ҷомеа равона карда шудааст.

Аз ин лиҳоз мо кормандони соҳаи маорифро зарур меояд, ки дар доираи ҳамин қонуну санадҳо ва як қатор муқаррароти байналмилалӣ  амал намуда, ҷиҳати таъмин намудани ҳифзи амният ва огоҳ гардонидани қишри осебпазири ҷомеа, ки ҷавонон маҳсуб меёбанд, ҳаматарафа кӯшиш ба харҷ диҳем ва дар ин замина бояд бетарафиро ихтиёр нанамоем ва воқеияти гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ-экстремистиро ошкоро гуфта диҳем.

Бояд зикр намуд, ки дар чанд соли охир дар тамоми ҷаҳон барои мубориза бар терроризму экстремизм ва нест намудани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барномаву нақшаҳои гуногун амалӣ карда мешаванд, то ин зуҳуроти номатлуб ба таври комил аз байн бурда шавад. Аммо дар ин масъала баъзе кишварҳо сиёсати духӯраро касб намудаанд, ки бар муборизаи дастаҷамъӣ халал мерасонаду халос.

Барои ба мақсад расидан ва зудтар огоҳ намудани ҷомеа аз ин зуҳуротҳо ва мақсадҳои нопоки террористону маргталабон моро зарур меояд, ки бештар дар ҷанбаи мубориза қарор гирем ва корҳои фаҳмондадиҳиро зиёдтар намоем. Ҳамчунин бо нашри мақолаву изҳорот ифшо намудани мақсадҳои террористону ифротгароён бисёр ҳам ба маврид аст ва бояд омӯзгорон низ аз ин раванди кор истифода намоянд ва махсусан мақсадҳои нопок ва разилонаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро, ки бевосита аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ маблағгузорӣ мешаванд бояд ошкоро ба ҷомеа пешниҳод кард.

Зеро ин наҳзатиёни касиф ва палиду лаин ба ҷуз хиёнат ба миллати тоҷик ва гумроҳ намудани халқи тоҷик ба  дигар коре машғул нестанд ва ҷомеа бояд чеҳраи воқеии ин душманони миллатро донад, то мисли солҳои 90-уми асри гузашта фиретфаи ин ҳайвонсиратон нагардад.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ