ДАР КАМАР НОМАРДРО ХАНҶАР НАМЕОЯД БА КОР Соҳибкори номуваффақ ва сиёсатмадори дуруя Шарофиддин Гадоев аз Тоҷикистон чӣ мехоҳад?

Дар аввали соли 2019 руйдодҳои сиёсӣ дар атрофи як соҳибкори ноуҳдабаро Шарофиддин Гадоев, ки ғолибан аз паси соҳибкори дигар Умарали Қувватов ба фуруши сузишворӣ машғул буд, басо авҷ мегирад. Хоса, баъди намудор шудани чеҳраи манфури Шарофиддин Гадоев дар ойинаи нилгун ва торнамои шабакаҳои иҷтимоӣ тамоми мардуми кишвари Тоҷикистон умед бар он карданд, ки дар байни фарзандони фурўхташудаву хоини миллат будаст нафаре, ки аз рўйи ойни муҳаммадӣ ва дастурҳои Қуръони набавӣ хатои худро дарк карда, ба Ватанаш баргашт. Чунки Шарофиддин Гадоев бо расидани пои нопоки худ ба Тоҷикистон ба бадгуии роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва маҳкум кардани ақидаҳои ин ноҷавонмардони арсаи сиёсат пардохт. Аммо ба назар мерасад, ки чунин рафтори Шарофиддин Гадоев як ҳиллаи дигари ТТЭ ҲНИ ва кишварҳои маблағгузори он Эрону манфиатҷўёни аврупоӣ будааст ва мо тоҷикон, ки шиорамон «рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек» аст, ҳамин гуна муносибатҳои хоинонаи Шарофиддин Гадоевро эътиқоду боварии ҷавонмардона пиндошта, тамоми айбу гуноҳҳои то имрўз ба анҷом расонидаашро авф намудем. Аммо маълум гардид, ки Шарофиддин Гадоев як бозичаи дасти бозингарони исломӣ ба монанди кишвари Эрон буда, барои ў Ватан, зан, хоҳар, бародар, хешу ақрабо ва ҳатто шири сапеди модараш ҳеҷ аҳамият надорад ва беарзиш аст ва ўро чунон манқурт кардаанд, ки арзиши чунин муқаддасотро намедонад. Ба роҳбарони ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва, аз ҷумла Шарофиддин Гадоев хос будааст,ки ба вазъият нигоҳ карда қадам мегузоранд. Шарофиддин Гадоев агар мард мешуд дар ҳолати боздошт ҷавонмардона ба  ақидааш устувор мемонд ва ба бад кардани дўстони экстремистааш намепардохт. Таърих гувоҳ аст, ки фарзандони асил ва дилсўзи ислом барои устувории ақидаашон ҷони худро қурбон карданд. Агар Шарофиддин Гадоев китоб хонда тавонад як бор рўзгори Имоми Аъзамро, ки доир ба мушкилоти он давра Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби алоҳида ба нашр расониданд, шинос шавад. Ин китоб ба Шарофиддин Гадоев барин нафарони камиродаву сустақида ва ҳатто беандеша, ки аслу насабашонро намешиносанд, таълиф шудааст. Шарофиддин Гадоев ва мисли ў барин кўдакони чоплусу зархарид аслан касе нестанд.Инҳо як савдогароне ба шумор мераванд, ки дар Тоҷикистон бозори фурўш наёфта ба хориҷи кишвар бо ба даст овардани пули муфт виҷдони худро фурухтаанд. Ба Тоҷикистон омада ба Муҳиддин Кабирӣ ҳаммаслаки хоинаш ва гуруҳи террористии «24», ки Шарофиддин яке аз муассисонаш мебошад санг андохтан бори дигар собит намуд, ки инҳо дар вақти зарурат аз баҳри ҳама чиз мебароянд ва аз ҳама кас хоҳ дўст бошад, хоҳ бародар, хоҳ ҳамсоя ва хоҳ Ватан.

Ҷавҳари мардӣ чу бошад ҳоҷати шамшер нест,

Дар камар номардро ханҷар намеояд ба кор….

Ҳамин байти Фонии Кашмирӣ ҳолати феълии як сиёсатмадортароши дуруя Шарофидини Гадоро инъикос мекунад.

 

Нозири Нурмат, омузгори ДКМТ