ДАР ИҚЛИМИ СУХАН ШОҲИ ҶАҲОН ШУД

Ба умеди тарбияи шогирдон қадам ба остонаи  даргоҳи фарҳангу илм Донишкадаи куҳӣ-металлуршӣ гузоштам.  Нахуст нутқи Пешвои миллатро мустақиман аз телевизиони маҳаллӣ тамошо карда як олам ғизои маънавӣ   гирифтам . Чунки Президент баён доштанд: “

Ҳоло омӯзгорони фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ҳангоми анҷом додани озмоишҳо бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ гардидаанд. Бо ин сабаб хонандагон мактаби миёнаро бе андӯхтани чунин таҷриба хатм карда, ба мактабҳои олӣ дохил мешаванд ва ба иллати мавҷуд будани чунин камбудӣ дар макотиби олӣ ин муассисаҳоро низ бе анҷом додани таҷриба дар озмоишгоҳҳо ба итмом расонида, соҳиби дипломи таҳсилоти олии касбӣ мегарданд.

Бо дарназардошти чунин вазъ, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” қабул шуд, ки ҳадафи он беҳбудӣ бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мебошад.”

Оре, фанҳои дақиқ умри саноатро боз дароз мекунад.  Ва чун ҳикмати падарона барои мо ин гуфтаҳо хизмат мекунад. 

Ш.Туйчизода, омузгори ДКМТ