Ҳатто касе гумон ҳам намекард, ки домуллои фейсбукӣ, шайхи пуркори наҳзатӣ, чеҳраи махуфи ба ном мухолиф ва дар асл душману бадсират М. Садриддин ҳам рӯзе аз роҳбари наҳзатиён М. Кабирии террорист дида, зиёдтар шарманда мешавад.
Чунки дар хобу хаёли касе ҳам ва махсусан гумроҳгаштагону муридони наҳзатияш ҳам набуд, ки рӯзе аз бузургтарин дуздиву қаллобии наҳзатиёни дасисабоз фош мешавад. Прокурори генералии ҶТ аз рӯйи аризаи се нафар ҷабрдида, ки Муҳаммадиқболи Садриддин ҳамон воизи сафсатаҳои наҳзатӣ фиреб додаасту пулҳояшонро гирифтааст, ин хоини бадкешро дар ҷӯстуҷӯ қарор додааст. Дар баёнияи прокуратура бисёр ҳам равшану возеҳ оварда шудааст, ки М. Садриддин бо роҳи фиреб аз 3 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон 430 ҳазор доллари амрикоиро гирифтаасту дигар барнагардонидааст, ки дар чунин ҳолат бояд М. Садриддин аз барои фиреб додани шаҳрвандон, сӯистифода аз арзишҳои динӣ, қаллобӣ ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ мешуд. Зеро фиреб додан ва тасарруфи моликият ин худ ҷиноят аст ва ҷинояткор бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
Албатта, ҳамагон хуб медонанд, ки имрӯзҳо ба хотири худашро сафед кардан М. Садриддин ва садҳо дигар наҳзатиён дурӯғҳои шохдор мебофанду ба ҳимояи худ гузашт, то ин ҷинояти хешро рӯйпӯш созанд. Аммо сад дар сад бовар дорем, ки ин дафъа дурӯғбофиву дурӯғнависии наҳзатиён ва ҳам худи М. Садриддин дигар ба кор намеравад. Чунки амали содиркардаи М. Садриддин ҷиноят аст ва бояд, ки ин шайтони наҳзатӣ ҳам зарари овардааш ба ин се нафарро бипардозад ва дар назди қонун барои чунин фиребкориву қаллобияш ҷавоб бигӯяд.
Ҳоло бори дигар маълум шуд, ки наҳзатиён на ҳуввият доранду на виҷдони солими инсонӣ ва аз дин гуфтанашон ҳам ба хотири фиребу тақаллуб ва маккориӣ асту халос. М. Садриддин ҳам идомаи мактаби хиёнаткориву разилӣ ва авбошиву хиёнаткориву қаллобонаи саркардагони наҳзатиён аст, ки имрӯз як-як ҷиноятҳо ва хиёнату авбошиҳояш маълум шудаистодааст. Яъне он ҳама лофу газоф ва тафсиру ташреҳи аркоми шариат ва задису дигар ояҳои динӣ барои М. Садриддин як бизнес будааст, ки бо ин роҳ мардумро ба доми фиреби худ мекашидаасту мақсадҳои ғаразнокашро амалӣ гардонид. Магар ҳамин аст мусалмониву диндорӣ?
Магар ҳамин аст, рисолати наҳзатиёни ба ном ватандӯсту миллатдӯст?
Дилмуроди Вафо
омӯзгори ДКМТ