Раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо масъулияти баланд тасмимҳои роҳбарияти олии кишвар ва вазорату кумитаҳои дахлдорро дарк намуда, барои ташкили ихтисосҳои нав ва курсҳои кӯтоҳмуддат ҷиҳати бозомӯзии шаҳрвандон ва ба ин васила мусоидат намудан барои кору фаъолияти иловагӣ пайдо намудани онҳо пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Тибқи нақшаи зерин дар соли таҳсили 2021-2022 барои зинаҳои таҳсилоти бакалавриат ва магистратура ва инчунин докторантура таъсиси ихтисосҳои нави зерин дар назар аст:
Ҷадвали 1. Нақшаи таъсиси ихтисосҳои нав
№ б.т |
Шифри ихтисос |
Номи ихтисос |
Зинаи таҳсил |
Шакли таҳсил |
1. |
1-5102010101 |
Кандан ва коркарди ҷинсҳои кӯҳӣ |
Бакалавриат |
Рӯзона ва ғоибона |
2. |
1-270101-15 |
Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (саноати химия) |
Бакалавриат |
Рӯзона ва ғоибона |
3. |
1-270101-10 |
Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (энергетикӣ) |
Бакалавриат |
Рӯзона ва ғоибона |
4. |
25010201 |
Иқтисодиёти таҳлилӣ |
Магистратура |
Рӯзона |
5. |
33010101 |
Экология |
Магистратура |
Рӯзона |
6. |
430103 |
Энергетика |
Докторантура |
Рӯзона ва ғоибона |
Ин ихтисосҳо мувофиқи таснифоти давлатии равия ва ихтисосоҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2007 №349 тасдиқ шудааст, тартиб дода шудаанд. Бо ба даст овардани иҷозатномаи фаъолият мувофиқи ихтисосҳои руйхати дар ҷадвали 1 оварда шуда, ҳам зиёдшавии шумораи донишҷӯён ва ба ин васила таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои устодон ва кормандони техникӣ дар назар дошта шудааст.
Ҳамзамон, талаботи бозори дохил ва хориҷи меҳнатро омӯхта, донишкада омодагии худро ҷиҳати таъсиси курсҳои кӯтоҳмуддати зерин дар доираи шароитҳои конкретии маҷвҷудбуда ва базаи моддию техникӣ, мутахассисони таҷрибадори омӯзанда ва равобити густардаи самтӣ, баён мекунад:
Ҷадвали 2. Курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ва бозомӯзӣ барои шаҳрвандон бо додоани диплом ва шаҳодатномаҳои хатм
№ б.т. |
Номи курси кӯтоҳмуддат |
Давомнокии курс |
1. |
3D моделиронӣ дар асоси барномаҳои компютерии соҳавии Compas 3d, Outocad ва Argiz |
1-3 моҳ |
2. |
Оператор – маркшейдер |
1 -3 моҳ |
3. |
Оператор – геодезист |
1-3 моҳ |
4. |
Оператор – сангтарош |
1-3 моҳ |
5. |
Оператор – эколог |
1-3 моҳ |
6. |
Таркишгар |
3 моҳ |
7. |
Пармагар |
3 моҳ |
8. |
Барқчӣ |
1-3 моҳ |
9. |
Ҳаррот |
1-3 моҳ |
10. |
Кафшергар |
1-3 моҳ |
11. |
Муҳосиб дар асоси барномаи компуютерии соҳавии 1С – бугалтерия |
1-3 моҳ |
12. |
Ронандагӣ, категорияи В |
3 моҳ |
Аз ин лиҳоз, ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои боло, тариқи корбарии гурӯҳӣ ва инфиродӣ донишкада метавонад шурӯъ аз моҳи март эълони баргузор кардани курсҳои кӯтоҳмуддати самтиро дар доираи фаъолияти кафедраҳо, устохонаҳо, марказҳои таълимӣ, технопарк ва амсоли он эълон намояд.
Насриддинов З.З.
муовини ректор оид ба илм,
инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ