Дар донишкада бо ширкати профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид

Дирӯз, дар толори Шӯрои олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Роҳҳои ҳалли муаммоҳои энергетикӣ, мошинсозӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Конфронсро нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, иброз намуд, ки тибқи талаботи замон ва тақозои ҷомеа имрӯз мутахассисони варзидаи соҳаро зарур аст, то бештар барои ҳалли муаммоҳои мавҷуда дар соҳаҳои энергетика, мошинсозӣ ва умуман саноат талош намоянд ва донишкада ҳоло чунин имкониятро дорад, ки барои рафъи мушкилот ва ҳалли муаммоҳо саҳми худро гузорад.
Ҳамзамон, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ таъкид намуд, ки маҳз бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон имрӯз ба истиқлолияти энергетикӣ расид, ки ин яке аз роҳҳои асосии расидан ба саноатикунии босуръати кишвар низ ҳаст…
Ҳамчунин, дар конфронси мазкур олимон ва пажӯҳишгарон маърӯза хонданд.
Дар интиҳо ба як қатор фаъолон ифтихорномаву сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур аз ҷониби кафедраҳои таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ ва таъминоти барқ гузаронида шуд.


Шуъбаи иттилоот