Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети нави иқтисодиёти саноатӣ таъсис дода шуд

ДУШАНБЕ, 15.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон имсол факултети нави иқтисодиёти саноатӣ ва кафедраи менеҷмент бо ихтисосҳои нав таъсис дода шуданд. Дар ин бора 11 феврал зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма гуфт.

Бахтиёр Маҳмадалӣ иброз дошт, ки «бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат эълон карда шуданд ва дар ин самт мо низ талош менамоем, ки саҳми арзанда гузорем. Бо зиёда аз 72 корхонаи саноатӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст, ки донишҷӯён дар ин корхонаҳо дарсҳои амалӣ мегузаранд. Тибқи шартномаи баимзорасида бо ин корхонаҳои саноатӣ, хатмкунандагон барои омӯзиш ба онҳо фиристода мешаванд, яъне донишкада талош менамояд, ки тамоми хатмкунандагонро бо ҷойи кор таъмин намояд».

Феълан барои бо ҷойи кор таъмин намудани 5 ҳазор нафар мутахассис аз ҳисоби хатмкардаҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо корхонаи ҶДММ КМ «Зарафшон» шартнома ба имзо расонида шудааст.

«Имсол дар озмуни олимони ҷавони Иттиҳоди давлатҳои мустақил омӯзгори донишкада Асомиддин Саидов иштирок намуда, соҳиби ҷойи аввал гардид. Дар озмуни «Илм- фурӯғи маърифат» ду нафар омӯзгорони донишкада соҳиби ҷойи дуюм гардиданд. Ҳамзамон дар ин давраи ҳисоботӣ 5 нафар унвонҷӯён рисолаҳои номзадии хешро дар равияҳои иқтисодиву техникӣ дифоъ намуданд ва дар назар аст, ки имсол сафи олимони ҷавон бештар шавад»-, гуфт ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ.

Манбаъ: www.khovar.tj