Дар толори донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, 19 декабри соли 2018 дар қатори дигар корхонаву муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ намоиши филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ» баргузор гардид. Иқдоми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» роҳандозӣ шудааст.
Филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ» ба ҳаёт ва фаъолияти ибратбахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Мақсад аз намоиши филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ» расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзу гиромидошти арзишҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан эҳтиром ва арҷгузорӣ ба заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Намоиши дастаҷамъонаи филми мазкур дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ҷалби намояндагони аҳли зиё ва доираи васеи ҷавонон ба нақша гирифта шудааст.