Субҳи имрӯз, сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд оғоз гардид. Зимни ташриф ба шаҳру навоҳӣ имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент як қатор коргоҳҳо ва марказҳои навро ба истифода доданд. Ёдовар мешавем, ки ташрифи Президенти кишвар ба шаҳру навоҳии мамлакат барои пешрафт ва рушди соҳаҳои мухталиф мусоидат менамояд. Аз ҷониби дигар ба истифода додани коргоҳҳои саноатӣ, марказҳои хидматрасонӣ ва ифтитоҳи боғҳои интенсивӣ барои беҳтар гардидани зисту зиндагонии мардум боз ҳам нақши калонро мебозад ва ҳамин аст, ки аз омадани Роҳбари давлат мардум ҳам хушҳол мегарданду сафарро бесаброна интизорӣ мекашанд.
Имрӯз, дар доираи ин сафари таърихӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамароҳии як қатор омӯзгорони донишкада ба шаҳри Панҷакент сафар намуданд ва дар чорабиниҳои муҳим ва ифтитоҳи марказҳои хидматӣ ширкат намуданд. Ёдовар мешавем, ки чунин сафарҳо барои беҳтар гардидани равобит ва баланд шудани эҳсоси меҳандӯстӣ мусоидат менамояд.